Бо мақсади иҷроиши дастуру ҳидоятҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб баҳри истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ моҳҳои феврал – апрели соли равон дар кишвар Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола» доир мешавад. Имрӯз даври ҷамъбастии он дар шаҳри Душанбе доир гардид, ки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокиямияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо дастовез ширкат варзиданд.
Боиси ёдоварист, ки «Сайри гули лола» шурӯъ аз соли 2019 доир мегардад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар як хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилояти мамлакат мебошад.
Баргузории озмун дар эҳёи анъанаҳои ниёгон, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони мамлакат ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва дар ин замина, рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.
"Лола" зиёда аз 140 намуд дошта, дар Тоҷикистон 24 навъаш ҳамчун гули худрӯй вомехӯрад, ки 19-тои он ба “Китоби сурхи Тоҷикистон” дохил шудааст. Ҳафт намуди он ба гурӯҳи рустаниҳои эндемикӣ мансуб буда, танҳо дар қаламрави Тоҷикистон мерӯяд. Яъне, Ватани маҳбубамонро ба маънои томаш кишвари лолаҳо гуфтан мумкин аст.
Имрӯз сокинони Тоҷикистон аз ҷумла мардуми шаҳри Кӯлоб бо эҳёи боз як анъанаи гузаштагони худ ба ҷаҳониён паём фиристода мегӯянд: “Тоҷикистон кишвари сулҳ, кишвари лолаҳо, кишвари ҳамаи гулҳост”. “Сайри гули лола” ҷашнвораест, пур аз ифтихори миллӣ. Гузашта аз ин, баргузор намудани он дар баробари бедор намудани ҳофизаи таърихӣ, боз моро водор менамояд, ки нисбат ба сарсабзу шукуфон намудани ҳар як ваҷаб хоки Ватани азизамон саъю талош варзем.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб