Дар натиҷаи боронҳои пуршидати 15 - 16 апрел ва 26 - 28 апрели соли ҷорӣ дар маҳалли аҳолишинии Гулбоғ аз самти куҳу теппаҳо маҷрои об ҷорӣ шуда, фурӯ рафтани заминҳои назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и Ҷамоати деҳоти Зиракӣ ба миён омад.
         Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таъҷилан аз ҷониби бахши кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Кӯлоб ва МД “Беҳдошти замин ва обёрӣ” гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, бо ҷалби техникаҳои низоми ягонаи давалтии шаҳри Кӯлоб дар мавзеъҳои Гулбоғ аз ҷумла 1 Экскватор ва 1 Мехлопата заминҳои фурӯрафтаро бо техникаҳои мазкур ҳамвор намуда, заминҳои фурурафтаро ба шакли аввалааш баргардонданд.
                                                 
                                                                                                                                                                               Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP