Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимяити давлатии шаҳри Кӯлоб ситод бо иштироки роҳбарияти шаҳр, муовинони раиси шаҳр, шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳо, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо ва дигар шахсони масъул  баргузор гардид.

Зимни суханронии худ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳр таъкид намуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҳар яки мову шумо боварию эътимод доранд ва мардум дар симои ҳар яки мо шахси ватандӯсту хештаншиносро мебинад, аз ин рӯ вазифаи мо фаъолон ва хизматчиёни давлатӣ ин корҳои фаҳмондиҳӣ, тарғибу ташвиқи созанда миёни аҳолӣ мебошад, ки то кадом дараҷа мо метавонем моҳияти хизмати модар ватанро дар ниҳоди ҳар як насли имрӯза ҷой диҳем. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи хоса ба ҷавонон доранд ва ҷавоноро пешбаранда ва идомадиҳандаи кору пайкори давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медонанд. Воқеан, ҷавонони мо бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ омодаанд, ки баҳри адои хизмати модар ватан сафарбар шаванд танҳо аз мо фаъолон тақозо мегардад, ки бо онҳо муносибати падарона ва модарона дошта бошем чун фарзанди худамон муносибат намоем. Инчунин даъват карда шуд, ки имрӯз кам нестанд он нафароне, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳри Кӯлоб фаъолият доранд ва фарзандони худро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  сафарбар менамоянд, вале мутаасифона бархе ашхосе ҳастанд, ки дидаву дониста фарзандони худро барои анҷом додани хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ монеъ мешаванд, ки ин боиси таассуф мебошад. Зимнан, тамоми масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар сохторҳои марбута муввазаф шуданд, ки дар асоси нақшачорабиниҳо ва истифода аз гурӯҳҳои корӣ, ҳамарӯза бо волидайне, ки фарзандонашон аз хизмати модар ватан саркашӣ менамоянд, корҳои ташвиқотиро пурзур намоянд ва ба падару модарон фаҳмонанд, ки  вақте бесабаб фарзандашон аз хизмати модар ватан саркашӣ менамоянд, онҳо тибқи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Аз ин рӯ, итминони боварӣ дорем, ки ҳар як роҳбари ташкилоту муассисаҳо тибқи нақшачорабиниҳои  тасдиқгардида, ки аз ҷониби комиссияи даъватӣ ба тавсиб расидааст, дар ин кори муҳими сиёсӣ баҳри ҳимояи марзу буми Ватани азизамон саҳми худро мегузоранд.

         Масъулини дахлдор бо боварию эътимод изҳор намуданд, ки корбариро дар ин самт ҷоннок намуда, тамоми масъулияти худро ба он равона месозанд, ки дар вақти муқарраршуда ва пеш аз муҳлат нақшаи даъвати ҷавононро ба итмом мерасонанд.

 Дар интиҳо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба масъулини дахлдор ва ҳар як роҳбари ташкилоту муассисаҳои шаҳр  ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва дар муҳлатҳои муқараргардида дастуру супоришҳои катъӣ доданд.

Инчунин иброз доштанд, ки мо бояд ватандӯст, содиқ ба ин Ватан бошем ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро содиқона ва бо масъулияти баланд иҷро намоем.

                                                                                                                                                                        Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP