Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои гуногун, корҳои тозагию поккорӣ дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб доир гардид. Мақсад аз ташкил намудани аксияҳои мазкур ин истиқбол намудани ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила саҳм гузоштан дар корҳои созандагию бунёдкорӣ мебошад.
Тибқи дастуру супоришҳои раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҳар як роҳбари ташкилоту муассисаҳо муваззаф гардидаанд, ки ҳар ҳафта чунин аксияҳоро аз худи ташкилоту муассисаҳо ва шаҳр анҷом диҳанд.
Дар баробари тозаву поккорӣ кардан дар ҷамоатҳои шаҳру деҳот, инчунин дар сойи Тебалай корҳои тозагӣ анҷом дода шуд, ки дар баробари дигар кормандони муассисаҳо саҳми кормандони корхонаҳои коммуналӣ ва ободонӣ назаррас мебошад. Иштирокчиёни аксия партовҳоро аз сой бароварда, ба ҷойҳои махсус кашониданд ва безарар гардонида шуд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб борҳо эҳтиромона аз шаҳрвандон аз ҷумла сокинони назди сойҳо хоҳиш намуданд, ки ба қадри ҳар як корманди корхонаҳои болозикр расанд, ки аксарияташон модарон мебошанд ба поккорӣ машғуланд. Партовҳои худро дар қуттиҳои гузошташуда гузоред на дар сойҳо, ки метавонад дар оянда ба саломатии ҳар як сокин зарар расонад.
Боварии комил дорам, ки ҳар як сокини шаҳри Кӯлоб ин амали некро анҷом медиҳад ва дар ободонии шаҳр саҳми худро мегузорад.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб