Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои бунёдкорию азнавсозии иншоотҳои мухталиф, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, сангфарш ва сафолакпуш кардани роҳу кӯчаҳо рафта истодааст.
Имрӯзҳо саҳми соҳибкорони Ватандӯсту хештаншинос дар корҳои созандагию бунёдкорӣ назаррас мебошад. Тибқи иттилои сардухтури Маркази стомотологии вилоятии шаҳри Кӯлоб - Ҳусайн Донёров аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ роҳравҳои дохил ва беруни Маркази стомотолгӣ сафолакпуш шуда истодаанд, ки ин барои рафту омади сокинону меҳмонон мусоидат менамояд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб