Бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миилӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон солҳои охир бо роҳандозӣ намудани барномаҳои гуногуни давлатӣ хоҷагиҳо бо техникаҳои кишоварзӣ таъмин карда шудаанд, ки кори марди деҳқон дар шудгору кишти саривақтӣ ва ҷамъоварии ҳосил хеле осон гардидааст, бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва шароитҳои муҳаёгардида кишти пахтаро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба анҷом расонанд.
Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки роҳбарият ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ маъракаи кишти пунбадона дар Кооперативҳои тиҷоратӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Кӯлоб оғоз гардид. Ҷиҳати саривақт бо дарназардошти талаботи қоидаҳои агротехникӣ анҷом додани он аз ҷониби масъулин татбирҳои лозима роҳандозӣ карда мешавад. Бо ин мақсад имрӯз дар Кооперативи тиҷоратии ба номи Қосим Роҳбари ҷамоати деҳоти Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр , мутахассисон ва хоҷагидорону пахтакорони шаҳр рӯзи кушодаи саҳрои ташкил карда шуд, ки дар он мутахассисон ва кишоварзону хоҷагидорон бобати роҳу усулҳои манфиатовари кишт, шуруъ аз омода намудани замин, интихоби тухмиҳои серҳосилу ба иқлими минтақа мувофиқ ва бо истифодаи техникаҳои мавҷуда дар муҳлатҳои мусоид анҷом додани кишту марҳиллаҳои баъдии парвариши он маслиҳатҳои муфид доданд. Тавре мутахассисон иттило доданд пахтакорони ҳудуди шаҳри Кӯлоб тайи чанд соли охир бо тавсияи олимони соҳа ва дастраси аз техникаҳои муосири пахтакорӣ дар ин самт ба натиҷҷаҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида истодаанд.
Бояд қайд намоем, ки Кооперативи тиҷоратии ба номи Қосим Роҳбари ҷамоати деҳоти Кӯлоб дорои 89-гектар замин буда дар баробари кишти дигар намуди маҳсулотҳои кишоварзӣ дар пеш аз 40-гектар замин пунбадона кишт менамояд.
Дар ҳошияи дастру супоришҳои Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар шаҳри Кӯлоб ширкати пахтаи Кӯлоб таъсис дода шудааст. Заминҳои ширкати мазкур 1900- гектарро дар бар гирифта масъулин нақша доранд, ки имсол дар 1150-гектари он кишти навъои пунбадонаи лотос, бухоро ва дигар навъи ба иқлими минтақа мувофиқро кишт намоянд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз мутахассисону масъулон даъват намуданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ва бо сифат анҷом додани кишти имсола тамоми чораҳои агротехникиро бо ҷалби олимони соҳа дида, то ин, ки ҳосили фаровон ба даст оранд.