24 июли соли 2023 дар доираи “Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025” ва Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.01.2023, №АП-318 тасдиқ шудааст дар Қасри фарҳанг ба номи Рустами Абдураҳим даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб” дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, ҳайати ҳакамон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Кормандони ташкилоту муассиса ва сокинони шаҳр дар саҳни қасри фарҳанг дастоварду ҳунари худро аз қабили дӯзандагию бофандагӣ, сабадбофӣ, заргарӣ, оҳангарӣ кандакорӣ, рассомӣ ва дигар ҳунарҳои мардумиро муаррифӣ намуда, аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳои баланд гирифтанд.
Дар даври шаҳрии фестивал озмуни ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ “Андалеб 2023” дастаҳои ҳунарии шаҳр дар мавзуъҳои марбут ба Истиқлолияти давлатӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, инъикоси рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандорӣ, ифтихори миллӣ, файзу баракати истиқлолият ва ваҳдату ягонагӣ бо маҳорати баланд ҳунарнамоӣ карда, комёбиҳову ҳунари мардуми тоҷикро бо тобишҳои рангини он манзури тамошоинон гардониданд.
Мавриди зикр аст, ки фестивал озмуни ҷумҳуриявии телевизонии эҷодиёти халқ “Андалеб 2023” дар баланд бардоштани тарбияи маънавии шаҳрвандон, бахусус тарбияи насли наврас, дар руҳияи ватандӯстӣ хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ. арҷгузорӣ ба мероси пурғановати фарҳанги миллӣ мусоидати фаъол хоҳад кард.
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар ин фестивал озмун аз рӯи шартҳои озмун аз ҷумла намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, суруди ҳамсароёни бисёровоза. навозиши умумӣ бо созҳои миллии мусиқӣ, намоиши либосҳои миллӣ бо иловаи навгониҳо, рақсу суруд ва навозиши якка, бадеҳа, намоиши порча аз ҷашну марсимҳои мардумӣ, суруди анъанавӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ ва сютаи вокалӣ ва дигар ҳунарнамоӣ карда, бо гирифтани 120 хол сазовор гардиданд.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз баргузор намудани Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб” рушди фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, дарёфти чеҳраҳои нави санъаткор, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши ансамблу гуруҳҳои эҷодӣ дар раванди тарбияи ҷавонону наврасон, эҳсоси ватандӯстиву фарҳангпарварӣ, зебоипарастию эҷодкории онҳо, рушди тарғиби ҳунарҳои бадеии халқӣ, танзими анъана ва расму ойинҳои миллиию мардумӣ ва дастгирии шахсони эҷодкору соҳибистеъдод мебошад.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP