Дар шаҳри Кӯлоб маросими идона бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид,ки дар он роҳбарону кормандони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳру деҳот, адибону рӯзноманигорони ВАО-и кишвар ва сокинони шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.
Нахуст меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ҳунариву маҳсули эҷодиёти адибон ва гӯшаи китобҳои Пешвои миллат ва намунаи асарҳои безаволи илму адаб дидан намуданд.
Маросими расмии бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллиро раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҳусни оғоз бахшида, бо ёдоварӣ аз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди баҳамоии мардуми Тоҷикистон ва ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, Ваҳдати миллиро заминаи бунёдии рушду ободониҳо дар Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон арзёбӣ намуд.
Зикр гардид, ки сокинони меҳандӯсти шаҳри Кӯлоб бо дарки моҳияти Ваҳдати миллӣ дар эҳё ва рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ин неъмати бузургро ҳамчун арзиши муқаддас ва бақои давлату зиндагии шоистаи мардум дониста ҳифзу пойдории ҷовидонии онро рисолати муқаддаси хеш мешуморанд.
Баъдан, адибону собиқадорон ва дигар зиёиёни шаҳр оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар пешрафту тараққиёти ҷомеа ва саҳми зиёиёни кишвар дар тарғиби сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ андешаҳои худро иброз доштанд .

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP