Санаи 6 январи соли 2023, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Кӯлоб дар соли 2022 ва вазифагузориҳо барои соли 2023 баргузор гардид.

  Дар ҷаласаи мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб  Азим Иброҳим, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини раиси вилояти Хатлон  Қурбонзода Амирхон,   Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовинони раиси шаҳр, сардорони  раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, имомхатибони масҷидҳо, сардорони қитъаҳои истифодабарии манзилии шаҳр ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар фаъолони шаҳр ширкат варзиданд.

   Ҷаласаро раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ифтитоҳ бахшида, иброз намуд, ки  дар соли 2022 фаъолон ва аҳли заҳмати шаҳри Кӯлоб натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст карда, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат зикргардида, сайъу кӯшиш намуда истодаанд.

  Сипас, тибқи тартиби ҷаласа муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунаваршо баромад намуда оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар соли 2022 ва вазифагузориҳо барои соли 2023 ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

 Қайд гардид, ки  соли 2022 барои сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб  таърихӣ ва хотирмон буд. Бахусус сафари кории Ҷаноби Олӣ рӯзҳои 23-24 октябр ба шаҳр ва дар рафти сафари корӣ  мавриди истифода қарор дода шудани якчанд иншооти таъиноти гуногун ба сокинон рӯҳу илҳоми тоза бахшид.

           Ҳамин тариқ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, Паёмҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунгӯзори мамлакат қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону раиси вилояти Хатлон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ба роҳбарӣ гирифта, дар зарфи 12 моҳи  соли 2022 бобати пешбурди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва назаррас нишон додани натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб саҳми корҳои муайянеро ба итмом расонид.

 Дар идомаи ҷаласаи ҷамъбастӣ мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Зокирзода Раҳмон, директори корхонаи обу канализатсияи шаҳри Кӯлоб Миралӣ Шарипов ва мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Саймуминзода Марям  оид ба фаъолияти соҳаҳо дар соли 2022 дар назди ҳозирин баромад намуданд.

Дар идомаи муҳокимаи масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб оид ба кишти зироатҳои кишоварзӣ, фаъолияти клубу хонаҳои фарҳангӣ ва зиёд намудани китобхонаҳои электронӣ, пешгирӣ намудани вайроншавии оилаҳои ҷавон ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини раиси вилояти Хатлон  Қурбонзода Амирхон баромад намуда натиҷаи фаъолияти рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлобро хуб арзёбӣ намуд.

Дар идома    намояндаи Ҳукумати мамлакат, Вазири нақлияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб муҳтарам Азим Иброҳим нуқтаҳои муҳимии суханрониҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин ироа намуда аз   фаъолияти рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳоти  Кӯлоб дар соли 2022натиҷагирӣ намуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Инчунин,   раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ба фаъолони шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иҷрои нақшаву ҳадафҳои дар соли 2022 амалигардида, изҳори сипосгузорӣ намуда, иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарону ташкилоту муассисаҳо барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд, то ба натиҷаҳои беҳтару бештар ноил гарданд.

Дар охир  ба як қатор фаъолони шаҳри Кӯлоб  барои саҳми арзанда гузоштан дар раванди корҳои ободониву созандагӣ ба пешвози 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб аз ҷониби Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихорнома  ва мукофоти пулӣ тақдим карда шуд.

Ҳамчунин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва ғолибони озмуни шаҳрии хонаи беҳтарин, оила, кадбону, маҳалла, ҷамоат ва деҳоти беҳтарин бо Диплом ва мукофотҳои пулӣ   дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.

   Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP