Инак чанд рӯз инҷониб, баъди чопи матлабе дар шабакаи иҷтимоъии фейсбук аз тарафи нохалафе дар ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон сару садоҳои гуногун ба миён омадааст. Дуруст аст, ки ин матлаб якто нимто тарафдорон пайдо кардааст, вале дар маҷмӯъ 98% зидди матлабанд. Ростӣ, банда бо хондани он матлаби ноҷавонмардона чанд гузорише ҳам таҳия намуда, вокуниш нишон додам. Ин дафъа хуб андешидам, ки чаро РАДИЁИ ОЗОДӢ ва хабарнигоронаш аз кирдори ноҷавонмардона рӯйи кор гирифтанд.
Андешае ба сарам омад, ки ин матлаб муғризона, ноҷавонмардона, падарлаънатона рӯйи рост ба муқобили созандагиву ободкориҳои раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр равона шудааст. Бо вуҷуди омаду рафти раисони шаҳри Кӯлоб бояд рӯйи рост иқрор шуд, ки тайи чанд соли охир шаҳри бостонии Кӯлоб чунин бо суръати баланд обод нашуда буд. Фақат се кор:
1.Обод гаштани роҳи кӯчаи Чармгарон.
2. Таъмири ҷидиди дарвозаи асосии шаҳри Кӯлоб.
3. Қомат афрохтани Муҷассамаи модар дар як ҷойи нообод ва чандин корҳои дигар ба пустини душманони ободкориҳо КАЙК пайдо кард.
Ин ободкориҳо дар тӯли анқариб як соли фаъолияти кории Назарзода Бахтиёр Худоёр ба амал пайвастанд. Маҳз ҳамин ободкориҳо буд, ки боре тавассути ИСЛОҲАШОН ва ин дафъа тавассути РАДИЁИ ОЗОДИЯШОН бо азми қавӣ на танҳо ба муқобили раиси шаҳр, балки ба муқобили Кӯлоб ва обокориҳои Кӯлоб бархостанд. Ин паразитҳо аз таърих бояд сабақ гирифта бошанду фаромӯш насозанд, ки ба Кӯлобу кулобӣ ҳар касе нияти бад мекунад, расво хоҳад шуд.
Ва мӯҳтарам Раис Назарзода Бахтиёр Худоёр, ки имрӯз дар паҳлӯи мардумаш сиёсати ободкориро пеш бурда истодаанд, бояд аниқан бидонанд, ки мардуми сарбаланду бономуси Кӯлоб дар кадом минтақаи Тоҷикистон зиндагӣ накарда истода бошанд, маҳз талошҳои созандагияшонро дида дар паҳлӯи эшонанд.
САГ БА ҒАВҒО РӮ БА РОҲ АСТ КОРВОН. Хаста нашуда Кӯлобро обод кунед. Бо фазли Худои Раҳмон мерасад рӯзе, ки душманону бадгуёнатон аз ин рафторҳои ноҷавонмардонаву муттаҳамонаашон пушаймон мешаванд. Ба муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр барору баракоти рӯзгор ва саъодати дорайниро таманно дорем. Ба қавли акаи Сайёф МО МЕТАВОНЕМ!
Ҳотам Асозода, директори генералии осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб