Санаи 13 октябр  бахшида ба Рӯзи байналмиллалии паст кардани хатари офатҳои табиӣ дар назди Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, Сардори шӯъбаи хадамоти давлатии оташнишонии минтақавӣ, подполковники хизмати дохила, Раҳматзода Саймудассир,  намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид дар минтақаи Кӯлоб  Гулиев Абдулло, кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Мудофиаи граждании шаҳр ва минтақаи Кӯлоб, намояндагони ташкилоту муасиссаҳои тиббӣ ва таълимӣ, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои миёна ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Пеш аз оғози ҷамъомад иштироккунандагони аз намоиши автомошинаҳои махсуси наҷотдиҳӣ ва таҷҳизотҳои замонавӣ дар амалиётҳои наҷотдиҳӣ истифодашаванда ва   расмҳои беҳтарини толибилмони муассисаҳои таълимӣ  дидан карданд.

Сипас муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, Сардори шӯъбаи хадамоти давлатии оташнишонии минтақавӣ, подполковники хизмати дохила, Раҳматзода Саймудассир,  намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид дар минтақаи Кӯлоб  Гулиев Абдулло, Сардори шуъбаи КҲФ ва МГ дар минтақаи Кӯлоб Юсуф Сафаров ва Абдулло Дониёр омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маърӯза намуда, нақши кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ ва мудофиаи гражданиро дар паст кардани хавфи офатҳои табиӣ хуб арзёбӣ карданд.

Дар идома ба як қатор иштирокчиён барои саҳми арзанда гузоштан дар пешгирӣ ва тасмимигирии  фаврӣ ҳангоми рӯй додани офатҳои табиӣ бахшида ба   “Рӯзи байналмиллалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо Сипосномаи раиси шаҳри Кӯлоб, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии ШКҲФ ва МГ инчунин Маркази иҷроиш ва навоварии Барномаи рушди СММ дар минтақаи Кӯлоб тақдим карда шуд.

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри  Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP