Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

Бояд гуфт, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлату давлатдорӣ ва сипари боэътмоди ҳар кишвари соҳибистиқлол Қувваҳои Мусаллаҳи он маҳсуб меёбад. Ин аст, ки Қувваҳои мусаллаҳ ба як сутуни муқтадири ҳимояи марзу бум ва тамомияти арзии кишвар табдил ёфтаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки Ватанро меомӯзанд. Вақте ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем”.

 Дар ин баробар имрӯзҳо ҷавонони шаҳри Кӯлоб суханони падарони Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда ихтиёран ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзу ҳимояи Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол дохил шуда истодаанд.

Яке аз он нафароне, ки имрӯз ихтиёран баъди хатми Донишгоҳ ба  Комисариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб ҳозир гардид Миров Масабур Баҳрамович мебошад ва   мехоҳад хизмати Модар-Ватанро софдилонаю содиқона адо намояд.

khzmat

Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҷавонони саодатманди шаҳру деҳоти Кӯлоб бо хизмати намунавӣ дар Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон садоқати худро ба Пешвои муаззами миллат ва Ватани азизи худ ҳамеша собит месозанд.

Шамсия Наврӯзова,  мутахассиси пешбари бахши матбуотии Миҳд-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP