Санаи 10 октябри соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар нуҳ моҳи соли 2022 бо иштироки намояндаи Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб Азим Иброҳим, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, Қурбонзода Амирхон, муовини раиси вилояти Хатлон баргузор гардид.
Ҳамчунин дар чаласаи ҷамъбастии мазкур муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони муассисаҳои таълимиву тиббӣ,
сардорони қитъаҳои истифодабарии манзилии шаҳр, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар ҷаласаи ҷамбастӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар давраи сипаригашта сокинони шаҳри Кӯлоб бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри расидан ба нишондиҳандаҳои назаррасу арзандаи меҳнатӣ аз ҳама имкониятҳо истифода бурда, дар фаъолияти кориашон ба тақвияти корҳои созандагиву бунёдкории шаҳр саҳми хешро гузошта истодаанд.
Сипас, дар маҷлиси васеи фаъолони шаҳри Кӯлоб муовини якуми раиси шаҳр Ташрифзода Мунаваршо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо барои минбаъда ҳисобот пешниҳод намуд. Зимни баромад қайд гардид, ки дар нуҳ моҳи соли равон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” фаъолият намуда, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 декабри соли 2021), дастуру супоришҳое, ки дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2022 “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022” ва вазифаву супоришҳое, ки аз машварати кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Хатлон 24 феврал ва 18 июни соли 2022 бармеоянд, ба роҳбарӣ гирифта, дар нуҳ моҳи соли 2022 ҷиҳати пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёт корҳои муайянро ба сомон расонида, ба нишондодҳои назаррасу мусбӣ ноил гардидааст.
Дар идомаи кори ҷаласа Раҳимзода Назирмад, сардори нозироти андози шаҳр, Хуҷамқуллов Абдураззоқ, мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёту комуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Ҳамоҳангсози соҳаи тандурустӣ, Абураҳмонов Бобохон оид ба фаъолияти корӣ дар нуҳ моҳи соли равон ҳисобот пешниҳод намуданд.
Зимни баррасии масъалаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар нуҳ моҳаи соли 2022 ҷиҳати пурра таъмин намудани дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавалигӣ, аз ҷумла кишти пахта, иҷрои саривақтии нақшаи андоз ва кам кардани бақияпулиҳои андоз, баҳри рушди соҳаи саноат ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, дуруст ба роҳ мондани корхонаҳои саноатӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, ба кор андохтани корхонаҳои бозистода, ҷалби мутахассисони ҷавони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ба кор, иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ барои соли 2023 ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокимронӣ қарор дода шуда дар ин бобат ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб