Боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 10-уми  октябр дар кишварамон “Рӯзи фалак” бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Ба ин муносибат санаи 8 октябри соли равон дар Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид.

    Чорабинии мазкур бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, шоирону адибон, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва хонандагону донишҷӯёни  донишгоҳу  колеҷу муассисаҳои таълимии   шаҳр доир гардид.

Нахуст, меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳр Кӯлоб аз қабили гулдӯзию чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, чӯбтарошиву кандакорӣ ва дигар навъҳои ҳунарии мардумӣ дидан намуда, ба ҳунари волои онҳо баҳои баланд доданд..

Дар маросими тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Фалак  муовини раиси шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуда, табрикоти роҳбарияти шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёрро ба саҳми ҳозирин расонид.

Қайд намуд, ки барои мо мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол, хусусан сокинони шаҳри Кӯлоб мояи ифтихор ва сарфарозист, ки бо эъҷози баланди ҳунар тули асрҳо дар рушди фарҳанги миллӣ ва умумиҷаҳонӣ саҳми арзанда гузошта истодаем. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иброз доштаанд: “Ватани Чакан ва ватани Фалак шаҳри Кӯлоб аст”.

 Фалак жанри озод буда, дар шаҳри Кӯлоб ҳамеша дар такомул ва таҳаввули инкишоф аст.  Чуноне, ки медонем Ҳукумати ҷумҳурӣ бахусус Роҳбарияти Олии мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи жанри мусиқии Фалак пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Бо ташаббуси Пешвои миллат 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли “Фалак” мақоми давлатӣ дода шуд. Маҳз чунин ташаббусҳои созанда  боис гардид, ки минбаъд Фалак аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳанги умумибашарӣ эътироф гардад.

Ҳамчунин дар вазъияти тантанвӣ ба як қатор ҳунармандони  шаҳри Кӯлоб барои  хизматҳои назаррас, ноил гардидан ба дастовардҳои пурсамари меҳнатӣ, саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи фарҳанг  Сипосномаи раиси шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.

Чорабинии фарҳангӣ аз тамошои   наворҳои видиоӣ аз ҷараёни қабулшавии жанри Фалак дар Юнеско  оғоз гардид.

Дар идомаи ин чорабинии бошукӯҳ барномаи омоданамудаи фалаксароёни шаҳри бостонии Кӯлоб пешниҳоди иштирокчиён гардид.

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP