Имрӯз 5 октябри соли равон дар Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб бахшида рӯзи забони давлатӣ  ва омӯзгорон бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, доираи васеъи омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, фаъолон, собиқадорон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва хонандагону донишҷӯёни  донишгоҳу  колеҷу муассисаҳои таълимии   шаҳр чорабинии идона баргузор гардид.

       Пеш аз оғози чорабинӣ роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ва дигар меҳмонон аз намоиши дастовардҳои илмии таълимгирандагони муассисаҳои миёна ва олии касбӣ дидан намуда, ба истеъдоди волоии онҳо баҳои баланд доданд.

      Дар ин чорабинии бошукӯҳ нахуст раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, ҳамагонро ба ин муносибат табрику таҳният гуфт. Изҳор доштанд, ки нақш ва ҷойгоҳи Пешвои муаззами миллат дар баланд бардоштану бартарӣ додани рукнҳои давлатӣ, бахусус забон ниҳоят бузург аст. Зеро ба туфайли сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои доимии Ҷаноби Олӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, забони давлатӣ ба марҳилаи тозаи рушд ва таҳаввул ворид гардид. Пеш аз ҳама дар ин давра ба сифати як унсури миллатсоз ҳусну қубҳи худро дигар ва дар ҷомеа мавқеи худро устувор намуд.

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ бахшида ба муносибати Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон таъкид карданд, ки «Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз  намояд.

        Забони миллӣ оинаи пурҷиллои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад».

      Дар идомаи чорабинӣ устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ховаршинос, Зафар Мирзоён баромад намуда, қайд кард, ки тайи ҳазорсолаҳо шоирону муттафакирон, олимону донишмандони гузаштаи мо, аз ҷумла Рӯдакиву Ибни Сино, Фирдавсиву Дақикӣ, Саъдиву Ҳофиз ва Ҳилоливу Бедил бо ин забони нобу беолоиш асарҳо эҷод кардаанд, ки боиси ифтихор ва сарбаландӣ мебошанд.

     Дар идомаи чорабинӣ бахшида ба рӯзи забони давлатӣ ба як зумра кормандони соҳаи маорифи шаҳри Кӯлоб бо Сипосномаҳои раиси шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ карда шуданд.

     Дар охир барномаи омоданамудаи ҳунармандони шаҳри бостонии Кӯлоб, ки тараннумгари ватандустиву хештаншиносӣ буд пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

    Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP