Ба озмуни «Беҳтарин муаррификунандаи дастовардҳои шаҳри Кӯлоб»

         АВҶИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШН

         Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб иқдомҳои зиёди созандагию ободонӣ тарҳрезӣ гардида, бунёд ва азнавсозии иншооти маъмурию фарҳангӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва муассисаҳои хизматрасонию таълимӣ идома дорад.

Тавре мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Қурбон Аҳмадзода, иттилоъ дод, дар чор соли оянда бо мақсади дар сатҳи олӣ пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ва азнавсозии 462 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, бунёд ва азнавсозии 86 муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистон, синфхонаҳои иловагӣ, 48 адад бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, 40 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, 16 адад толору майдончаҳо иварзишӣ, 44 маркази хизматрасонӣ, 40 маркази савдо, 33 биноҳои баландошиёнаю маъмурӣ, 106 иншоот дар самти нақлиёт ва коммуникатсия, 13 иншооти ба соҳаи кишоварзӣ, 9 иншоот ба соҳилмустаҳкамкунӣ, 4 иншоот ба соҳаи фарҳанг, 21 иншооти дигари сохташаванда дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ аз ҳамон ҷумлаанд.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ яке аз дастовардҳои хуби меҳнатӣ сокинони шаҳри Кӯлоб ин бунёд ва ба истифода додани 45 иншооти таъиноти гуногун бо таъсиси 100 ҷойи нави корӣ мебошад.

-Инчунин, ба муносибати 31–умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва ташрифи меҳмонони олиқадр дар шаҳри Кӯлоб 22 иншооти дигар, аз ҷумла, ду коргоҳи паррандапарварӣ, як муассисаи таълимӣ, бинои маъмурии Кумитаи идораи замини шаҳр ва минтақаи Кӯлоб, бинои Агентии тоҷикстандарт дар минтақаи Кӯлоб, Маркази хизматрасонӣ, синфхонаҳои иловагӣ, пурра мумфарш кардани роҳи Чармгарони Поён ва Коллеҷи иноватсионии шаҳри Кӯлоб ба истифода дода мешаванд, ки ин ҳам бошад дастовардҳои шаҳри Кӯлоб дар давраи соли ҷорӣ  ба ҳисоб мераванд,-гуфт Қурбон Аҳмадзода.

Мавсуф ҳамчунин, афзуд, ки айни замон дар 150 иншоот сохташаванда корҳои сохтмонӣ бо мароми баланд идома дошта, дар онҳо мутахассисону коргарони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки соли ҷорӣ тибқи қарори раиси шаҳри Кӯлоб «Соли рушди саноат ва роҳҳои обод» эълон гардид. Бо ин мақсад дар минтақаи саноатии шаҳр ба 11 соҳибкор қитъаи замин барои бунёди корхонаҳои саноатӣ ҷудо гардид. Инчунин, бо мақсади иҷрои қарори мазкур барои таъмини ҳаракати бехатарии нақлиёт ва пешгирии тамбашавӣ воситаҳои нақлиёт, роҳи алтернативӣ дар кӯчаи Чармгарони Поён бо дарозии 850 метр аз ҳисоб имаблаѓгузории буҷети маҳаллӣ таъмиру навсозӣ гардида, пурра асфалтпӯш шуд.

Дар робита ба ҳадафи чорумистратегӣ–саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳри Кӯлоб бунёд ва азнавсозии 40 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ дар назар дошта шуда, то ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

Рӯзноманигор

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP