Ба озмуни «Беҳтарин муаррификунандаи дастовардҳои шаҳри Кӯлоб»

РУШДИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

         Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат барои ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон, хусусан дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм, ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр даҳҳо адад муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак бо шароитҳои замони муосир сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.    

         Муассисаи таълимии томактабии «Ситора»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷумлаи даргоҳест, ки фаъолияташ ба самти таълиму тарбияи кӯдакон нигаронида шудааст. Муассисаи мазкур асосан барои фарзандони устодону омӯзгорони Донишгоҳ таъсис дода шуда, ҳамчун базаи таҷрибавӣ дар назди донишгоҳ фаъолият мекунад, ки дар он донишҷӯёни факултаи омӯзгории шуъбаи таҳсилоти томактабӣ таҷриба меомӯзанд. Бино аз ду ошёна иборат буда, ҳуҷраҳои хобу ҷойи бозии кӯдакон бо тамоми шароитҳои лозима муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Даминзода Хатичамо, мудири кӯдакистон ҳангоми суҳбат ҷиҳати дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии малмакат, нисбати муассисаҳои томактабӣ изҳори сипосу миннатдори  карда,  афзуд, ки айни замон дар кӯдакистон панҷ гурӯҳ бо 150 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шуданд, ки барои нигоҳубини онҳо шаш мураббия машғуликормебошанд.Баиттилоиномбурда,даркӯдакистончоргурӯҳбозабонитоҷикӣваякгурӯҳбозабонирӯсӣтаълиммегиранд.

         Муассисаи таҳсилоти томактабии №3 бо номи «Парасту» аз ҷумлаи даргоҳи таълимиест, ки дар таълиму тарбияи насли наврас хусусан кӯдакон нақши арзанда дорад. Ҳарчанд бинои кӯдакистон солҳои шӯравӣ сохта шуда бошад ҳам, бо дастгирӣ ва маблағгузориҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва соҳибкорони маҳаллӣ бинои муассиса таъмири ҷорӣ гардида, синфхонаҳо бо мизу курсиҳои наву замонавӣ таъмин шудааст .Гулсара Денпанаева, мудири кӯдакистон дар суҳбат гуфт,ки кунун дар муассиса 12 гурӯҳи кӯдакон бо 282 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд, ки ба онҳо 12 муррабияи соҳибтахассус таълим медиҳанд. Номбурда ҳамчунин, изҳор дошт, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хусусан раиси шаҳр, барои таъмири ҷории муассиса ва иваз кардани тирезаҳои кӯдакистон аз буҷети маҳаллӣ маблағи120  ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Инчунин, соли гузашта барои болопӯши бино 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, он пурра аз таъмир бароварда шуд.

Ба ҳамин монанд, метавон Муассисаи томактабии №2–ро ҳамчун мисол овард, ки дар таълиму тарбияи насли наврас хусусан кӯдакон саҳми бағоят калон дорад. Муассиса зери роҳбарии Сафармо Шамсуддинова, ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардидааст. Он соли 1954 сохта шуда, то имрӯз фаъолияти густурда дорад.

Тавре Сафармо Шамсуддинова, гуфт, ки айни ҳол дар кӯдакистон 170 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шуданд, ки ба онҳо 6 мураббияи соҳибмаълумот таълим медиҳанд. Муассиса бо тамоми шароитҳои замони муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, синфхона ва ҷойи бозии кӯдакон ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад. Дар муассиса бо дастгирии ҳукумати шаҳри Кӯлоб рахти хоби кӯдакон  ва мизу курсиҳои замонавӣ барои таълиму тарбияи наврасон харидорӣ шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ мебошанд.

         Қадамшоҳ Ҳакимзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб зимни суҳбат афзуд, ки ҳоло дар ҳудуди шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашт кӯдакистони давлатӣ ва се кӯдакистони хусусӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо1280 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шуданд.

-Соли гузашта, -  ба муносибати 30–юмин солагарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Саддикови шаҳри Кӯлоб муассисаи томактабӣ бо фарогирии 250 кӯдак бо тамоми шароитҳои лозима аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ сохта ба истифода дода шуд. Ду боғчаи дигар, ки яке дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50–и шаҳри Кӯлоб, дигар дар деҳаи Андароби ҷамоати деҳоти Кӯлоб бо фарогирии 280 кӯдак аз ҷониби Вазорати маориф ва илм сохтмонаш идома доранд,- изҳор намуд Қ. Ҳакимзода.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

Рӯзноманигор

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP