Санаи 30 сентябри соли равон  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси шаҳр Даминзода  Арафамо ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиши ҷашнӣ   баргузор гардид.

      Нахуст, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода  Арафамо суханронӣ намуда,  паёми табрикотии  раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёрро  ба саҳми ҳозирин расонид.  

rumi2 2  

Қайд намуд, ки бо ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумњурии Тоҷикистон ва сулҳу оромии кишварамон зери сиёсати бобарору арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон    тамоми ҷашнҳои милливу таърихиямон бо  як  шукуҳу шаҳомати хос ва арҷ гузоштан  ба  фарҳанги гузаштагонам дар як руҳияи худшиносию худогоҳи ва ифтихори миллӣ баргузор  мегардад. Воқеан ҳам арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни оламгир ва мероси маънавии халқи тоҷик аз муҳимтарин ҷанбаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, «Дар шароити феълӣ, ки бархурди тамадунҳо дар ҷаҳон торафт тезу тунд  мешавад, омӯхтан ва таҳқиқ кардани мероси бостонӣ, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад».

      Сипас, директори генералии Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб Асозода Ҳотам баромад намуда, изҳор намуд, ки Мавлоно аз сермаҳсултарин адибони тоҷик буда, бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Ҷалолиддини Балхӣ бо осори орифонаю безаволи худ, аз он ҷумла “Маснавии Маънавӣ”, бо гузашти асрҳо дили ҳаводорони каломи манзумро тасхир намудааст.

       Ҳамчунин дар идомаи чорабинӣ шоираи ширинкалом Хосият Вализода баромад карда, иброз аз он дошт, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ миёни сухансароён, шоирону орифони адабиёту фарҳанги оламшумули тоҷик ҷойгоҳи баланд дошта, бо эътибори андешаҳои ирфонӣ, ахлоқи, фалсафӣ ва афкори гаронқадри маънавии хеш беш аз 800-сол инҷониб маъруф аст.

       Дар қисмати баъдии чорабинӣ   хонандагони муассисаҳои таълимми шаҳр аз эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ панду андарз ва шеърҳо қироат намуданд.

     Дар охир ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  баҳри болидаруҳии иштирокчиён барномаи омоданамудааи хешро пешинҳоди ҳозирин намуданд.

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP