28 сентябри соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб даъвати шашум баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, масъулони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, намояндагони васоити ахбори омма ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд.
Ҳамчунин дар иҷлосияи мазкур намояндаи вилояти Хатлон, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ширкат доштанд.
Дар иҷлосияи чордаҳум даъвати шашум раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр масъалаҳои ҷаласаро ба ҳозирин хотиррасон намуда рӯзномаи маҷлис тасдиқ гардид.
Сипас, аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис “Оид ба рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 4 феврали соли 2021, №66 “Дар бораи Барномаи давлатии ташкили таълим ва омӯзиши забонҳои рӯсӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” дар шаҳри Кӯлоб Асозода Ҳотамшо, раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб “Оид ба маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илм, варзиш, сиёсати ҷавонон, зан ва оила” баромад намуд.
Дар идомаи муҳокимаи масъалаи мазкур мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб Ҳакимзода Қадамшоҳ баромад намуда изҳор дошт, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ва омили асосии рушди ҷомеа ва миллат маҳсуб меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро соҳаи афзалиятнок шуморида, онро дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи худ қарор додааст. Қайд намуд, ки “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба рушди таҳсилоти бисёрфарҳагию бисёрзабонии насли наврас мусоидат мекунад.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис Мирзохонзода Шамсимад- вакил аз ҳавзаи интихоботии №39, раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб “Оид ба саноат, сохтмон, нақлиёт, алоқа, энергетика ва хоҷагии манзилию комуналлӣ” баромад намуда оиди фаъолити Комиссияи мазкур ҳисобот пешниҳод намуд.
Ҳамчунин аз рӯи масъалаи сеюм ахбороти вакил аз ҳавзаи интихоботии №14, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо шунида шуд. Иброз намуд, ки Комиссия аз рӯи нақшаи машаххаси корӣ ва тибқи қарорҳои раиси Маҷлиси вакилони шаҳр муҳтарам Назарзода Бахтиёр фаъолият карда, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иқтисодии шаҳри Кӯлоб як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Қайд карда шуд, ки имрӯз бо дастгириҳои бевоситоаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба тавсиб расидааст, ки ин инъикоскунандаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Роҳбарияти Олии кишвар нисбат ба занон арзёбӣ гардидааст.
Дар идомаи ҷаласа раиси Комисияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб оид ба “Одоби вакилон”, вакил аз ҳавзаии интихоботии №33 Валиева Саъбагул оид ба фаъолият ва уҳдадориҳои ваколатҳои вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб гузориши дод.
Баъдан, вакилон аз рӯи масъалаи панҷуми рӯзнома лоиҳаи қарор оид ба қарорҳои раиси шаҳри Кӯлобро тасдиқ намуданд.
Дар ҳошияи иҷлосияи чордаҳум, даъвати шашуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ баромад намуда, нуқтаҳои муҳимии суханрониҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фаъолияти соҳаи маориф бахусус омӯзиши забони русӣ ва англисиро ба ҳозирин ироа намуд.
Баъди муҳокимарониҳои масъалаҳои иҷлосия раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр аз масъулин даъват ба амал овард, ки дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта масъулиятшинос буда, баҳри беҳбудии рӯзгори мардум саъюу талоши бештар дошта ҷиҳати вусъат додани корҳои ободониву созандагии шаҳри Кӯлоб саҳмгузор бошем.

Бахши матбуотии Миҳд-и шаҳри Кӯлоб

 

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP