Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тамоми табибони сарбаланду матиниродаи шаҳри Кӯлобро ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод мегӯяд.

Бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қадршиносӣ аз хизматҳои шоёни табибон соли 1995 санаи 18 август ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи идҳои давлатӣ ворид гардид.

Басо рамзист, ки 18 август устоди табибони ҷаҳон, фарзонафарзанди миллати тоҷик ва бузургтарин симои олами илму дониши башарӣ Ҳаким Абуалӣ ибни Сино ба дунё омадааст. Ин чеҳраи бузург дар давоми зиндагии хеш тавонист беш аз 450 рисолаи илмӣ нависад, ки 240 ададаш то замони мо омада расидааст. Бояд қайд намоем, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ дар ватани азизамон ба маротиб рушд намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи муҳим диққати хоса дода, таъкид намудаанд, ки «Агар ҳадафи мо бунёди ҷомеаи солим бошад, пас таваҷҷуҳамонро ба ҳифзи саломатии ҳар як инсон равона намоем.

Дар хотир дорем, ки танҳо насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим метавонад бунёдгузори ҷомеаи нав бошад». Ба ҳамагон маълум аст, ки фаъолияти самараноку ҳадафмандонаи ҳар як корхона ва ташкилоту муассиса, аз он ҷумла муассисаҳои тандурустӣ танҳо дар сурати доштани заминаи боқуввати моддӣ техникӣ имконпазир мебошад. Аз ин рӯ Ҳукумати мамлакат аз ибтидои ба даст омадани Истиқлолияти давлатии кишвар ба соҳаи тандурустӣ диққати ҳамарӯза медиҳад.

Бахусус, дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба туфайли дастгириҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат дастовардҳои соҳаи тибби шаҳри Кӯлоб хеле ҳам назаррас гардидаанд. Аз ҷумла бунёди иншооти азими Беморхонаи клиникии бисёрсоҳавии ба номи А. Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб, Маркази клиникии бемориҳои чашм, Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳр, азнавсозию таъмири беморхонаи ноҳиявӣ ва Хатлон, дармонгоҳу Марказҳои саломатии деҳот навигариҳоеанд, ки ба рушди соҳа ва болоравии сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ҳамаҷониба мусоидат карданд. Мебояд тазаккур дод, ки дар ин давра натанҳо муассисаҳои нав бунёд ва муассисаҳои куҳна таъмиру азнавсозӣ шудаанд, балки онҳо инчунин бо таҷҳизоти замонавии ташхису табобат муҷаҳҳаз гаштанд. Аз ҷумла танҳо дар соли ҷорӣ ба беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб 1 адад дастгоҳи санҷиши таҳлилҳои лабараторӣ Ҷетеин 1100, ба Маркази ёрии таъҷилӣ 5 адад автомашинаҳои ёрии таъҷилӣ, ба Маркази дандонпизишкӣ 1 адад девори квартсӣ ва мизу курсӣ, ба беморхонаи Марказии ноҳия 1 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, 2 адад оксигенератор, 1 адад кордиомонитор, ба Маркази саломатии №2 1 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 2 адад оксигенератор, 4 адад конектор бо баромад ба фитинг барои оксигенаратор ва ғайраҳо ворид карда шуданд. Ҳисоби таҷҳизотҳои воридшуда зиёданд ва дар ин росто татбиқ гаштани усулҳои замонавии ташхису табобат ба он мусоидат кардаанд, ки дастовардҳои соҳа дар бахши ҳифзи саломатии аҳолӣ ботадриҷ беҳтар шуда истодаанд. Албатта, нақши шахсият дар рушду инкишофи ҳамаи самту соҳаҳо дар мадди аввал меистад.

Соҳаи тибби шаҳри Кӯлобро ҳам шахсиятҳои номдор асос гузоштанд ва ривоҷу равнақ додаанд. Мутаасифона як қисмати онҳо айни замон дар байни мо нестанд ва дар ин рӯзи сайид ҳуқуқи маънавӣ надорем, ки ёдовариашон накунем. Бахусус Абдулмаҷид Ҳақназаров, Сафаралӣ Раҷабмадов, Мираҳмад Сайдаҳмадов, Аҳмадҷон Муминов, Камолиддин Икромов, Тоҳир Туманов, Давлат Атоев, Файзулло Шарифов, Тоҷиддин Шамсов, Ҳафиз Саидов, Ғаффорхоҷа Мирзоев, Одинашо Раҳимов, Амон Сафаров, Тоҳир Усмонов, Раҳматулло Ҷумаев, Сайдаҳмад Сафаров аз ҷумлаи сарсупурдагони соҳа буданд, ки бо хизматҳои арзишманди хеш миёни мардуму кормандони соҳа шуҳрати хоса доштанд. Мардум ҳамеша онҳоро ба некӣ ёд мекунанд ва кори онҳо тавассути шогирдони донишманду поквиҷдонашон идома хоҳад ёфт. Қисмати дигари шахсиятҳои барҷастаи соҳа хушбахтона ҳоло дар қайди ҳаёт ва ба мисли пешин дар хизмати халқ қарор доранд. Аз ҷумла, Сабзаалӣ Бозоров, Хайрулло Сангимадов, Саттор Одинаев, Абдулло Азизов, Бозор Ҳакимов, Иноят Муродов, Умаралӣ Сафаров, Мизроб Қаландаров, Малика Неъматова, Раъно Бобохонова, Муборак Боҳирова, Равшан Пулодов, Даврон Хуҷаёров, Раҳмонқул Ҳафизов, Ҷурахон Исмоилов ва боз даҳҳо табибони ҳозиқро мардум ситоиш ва иззату икром мекарданду мекунанд ва дар ҳақиқат ин шахсиятҳо ба ҳама арҷгузорӣ арзанда мебошанд. Бояд тазаккур дод, ки давлату ҳукумат барои пешрафти соҳаи тиб тамоми чораҳоро андешида истодаанд ва боз меандешанд. 82 фоизи буҷаи давлат, аз он ҷумла буҷаи маҳаллии шаҳр ҳамасола ба соҳаи иҷтимоӣ, алахусус бахши тандурустӣ равона карда мешаванд. Дар ҷавоб танҳо бо хизмати ҳалолу содиқона ба мардум бояд хизмат намоем.

Дар охир бори дигар ҳамагонро бо Иди касбӣ табрик гуфта, таманнои онро дорем, ки ба туфайли Шумо дар ҳақиқат «Солимии ҷомеа бойигарии давлат бошад».

Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ муборак бошад!

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP