Дар доираи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон муносибатҳо байни вазорату идораҳои соҳавӣ густариш ёфта, табодули таҷрибаи мақомоти давлатии тарафҳо ба анъана даромадааст.
Дар ин замина санаи 12 августи соли равон ҳайати меҳмонон аз вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд
baroi 2
    Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, сокинони касбу кори гуногун вав дигар шахсони масъул самимона пешвоз гирифтанд.
Баъди истиқболи гарму самимӣ ҳайати меҳмонон аз ҶДММ “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб” боздид намуда, ба раванди фаъолияти корхонаи мазкур аз наздик шинос гардиданд.
Ҳамчунин, дар идомаи сафар ҳайати меҳмонон ба фаъолияти боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри бостонии Кӯлоб шиносоӣ пайдо намуда, сайре дар ин боғи зебову диданӣ шаҳр карданд. Бояд гуфт, ки дар боғи мазкур аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барномаи фарҳангӣ пешниҳоди меҳмонон гардид.
Сипас, меҳмонон санаи 13 августи соли равон ба нишони эҳтиром ва қадршиносии Оромогоҳи мутафаккири бузург Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, аз Осорхонаи ин мутафаккир ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии шаҳри Кӯлоб боздид намуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP