Санаи 11 августи соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баргузор гардид, ки дар он муовинон, роҳбарони сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарону соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ иштирок доштанд. Ҳамчунин дар ҷаласаи имрӯза Прокурори шаҳри Кӯлоб Достизода Қутбиддин ширкат намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳо оид ба рафти иҷрои уҳдадориҳои андозӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ ва ташкилотҳои сохтмонии шаҳру деҳоти Кӯлоб ва пардохти саривақтии андозҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

172

Нахуст, роҳбарияти шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҳамаи роҳбарону соҳибмулкони ташкилоту муасисаҳо ва корхонаҳои саноатиро мебояд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷроиши пардохти саривақтии андоз кору фаъолиятро беҳтару хубтар намуда то дар рушду пешрафти шаҳрамон ҳиссагузор бошем.

Дар маҷлиси имрӯза аз рӯи масъалаи рӯзномаи маҷлис сардори Нозироти андози шаҳри Кӯлоб Раҳимзода Назирмад ҳисобот пешниҳод намуд.

  Дар идомаи маҷлиси  инчунин масъалаҳо оид ба рӯёнидани бақияпулиҳои андоз дар Нозироти андози шаҳр,  иҷрои пардохти саривақтии андоз аз ҷониби ташкилотҳо мавриди муҳокима қарор дода шуда ба масъулин дастуру супоришҳо доданд ва вазифадор гардиданд, ки барои саривақт насупоридани бақияпулиҳои андоз чораҳои таъсиррасонӣ андешида шавад.

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP