Боиси зикр аст, ки ҳамасола дар саросари кишварамон 10-август ҳамчун рӯзи варзишгарони Тоҷикистон бо тантана таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин муносибат санаи 10 август дар майдони марказии варзишии шаҳри Кӯлоб чорабинии тантанавӣ бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баргузор гардид.
Нахуст, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз дастовардҳои варзишгарони шаҳр ва минтақаи Кӯлоб инчунин ба 14 намуди варзише, ки дар шаҳри Кӯлоб фаъолият мекунанд боздид намуда ба истеъдоди варзишгарони шаҳри Кӯлоб баҳои баланд доданд.
170
Сипас, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар назди ҳозирин баромад намуда,тамоми варзишгарон, собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзишро ба фарорасии Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон табрик намуд.
Қайд гардид, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол варзиш новобаста аз синну сол ва мавқеи иҷтимоии шаҳрвандон оммавӣ гардида, ҳамчун қосиди сулҳ, рамзи дӯстиву рафоқат ва шарафу эътибори миллат шинохта шудааст! Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Варзиш омили тавонои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории халқу давлатҳо мебошад. Миллати тоҷик ҳанӯз дар замонҳои қадим бо ойинҳои ҷавонмардиву паҳлавонӣ маъруф буд..
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор собиқадорону мураббиён, кормандони соҳаи варзиш ва инчунин варзишгарони боистеъдоди шаҳр бахшида ба рӯзи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи варзиш ва муаррифӣ намудани диёри азизамон дар сатҳи ҷумҳуриявию байналмиллалӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравиии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ карда шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP