Санаи  22 июли соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, нишасти матбуотии раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр бо намояндагони воситаҳои ахбори омма доир шуд.
Нахуст раиси шаҳри Кӯлоб барои ҳамкории хубу пурсамар бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар давоми соли равон ба кулли рӯзноманигорон миннатдорӣ баён намуд. –
156
Қайд гардид, ки воситаҳои ахбори оммаи кишвар дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши ниҳоят муҳим дошта, радио телевизион, рӯзномаҳои даврӣ ва дигар воситаҳои электронии иттилоотӣ дар ташаккули афкори мардум нақши муассир мегузорад. Ба хусус, дар замони ҷаҳонишавӣ ва шаклгирии идеологияҳои давлатдорӣ ва тафаккури насли замони муосир иттилоот ва воситаҳои идеологӣ дар тарбияи маънавӣ, маърифатноки мафкурасозии ҷомеаи ВАО аҳамияти хоса пайдо мекунанд.
157
Дар нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб гуфта шуд, ки гардид, аҳли заҳмати шаҳри Кӯлоб бо фаъолияти назарраси худ дар пешрафти иҷтимоию иқтисодии шаҳр саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Зикр рафт, ки дастуру супоршҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Хатлон 24 феврал ва 18 июни соли 2022 дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Данғара иброз намуданд, ба роҳбарӣ гирифта, дар нимсолаи якуми соли 2022 ҷиҳати пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёт корҳои муайянро ба сомон расониданд.
Таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо дастгирии бевоситаи муҳтарам Пешвои миллат Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №389 тасдиқ карда шудааст.
Дар шаш моҳи соли равон тибқи маълумотҳо 44 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 351 млн. сомонӣ амалӣ гардида, дар 32 лоиҳаҳо корҳо идома дошта, 111 млн. сомонӣ аз худ гардида, азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳо дар маҷмуъ 462 млн. сомониро ташкил додааст.
Дар маҷмуъ қисми даромади буҷет 110,9 фоиз иҷро ва қисми хароҷоти он 96 фоиз таъмин гардид. Қобили қайд аст, ки дар нимсолаи аввали соли 2022 аз ҳисоби музди меҳнат қарздорӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар нимсолаи аввали соли 2022 бонкҳои шаҳр ба соҳаҳои иқтисодиёт 137,5 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 26,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи пешниҳоди қарз аз тарафи филиали “Саноатсодиротбонк” дар соли 2022 27,7 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст. То инҷониб ба маблағи 5,9 млн. сомонӣ қарз ба соҳаҳои саноату сохтмон, кишоварзӣ ва савдо равона гардида, бо фоизҳои нисбат ба бонкҳои дигар пасттар дода шудаанд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар нозироти андози шаҳр 5172 соҳибкори инфиродӣ, аз ҷумла 2327 бо патент, 721 соҳибкор бо шазодатнома ва 2124 хоҷагиҳои деҳқонӣ дар қайд мебошанд.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҳагидорӣ дар шаҳр ба 209,5 млн. сомони расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 104,1 фоизро ташкил дод.
Аз ҷумла аз ҳисоби истеҳсол ва фуруши маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ 144 млн. сомонӣ, ё ин ки 4,4 млн. сомонӣ зиёд, аз ҳисоби соҳаи чорводорӣ 65,4 млн. сомонӣ, ё ин ки 3,7 млн сомонӣ зиёд ва аз ҳисоби соҳаҳои моҳипарварӣ 2,1 млн. сомонӣ, ё ин ки 0,4 ҳазор сомонӣ зиёд ба қайд гирифта шуд. Суръати афзоиш мутаносибан 103,2 фоиз, 106,1 фоиз ва 100 фоизро ташкил дод.
Қобили қайд аст, ки бо назардошти эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба рушди соҳаи саноат ҳамчун соҳаи афзалиятноки иқтисодии шаҳр диққати ҷиддӣ дода истодааст. Соли 2022 тибқи қарори раиси шаҳр “Соли рушди саноат ва роњњои обод” эълон гардида, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва дар нимсолаи аввал дар ин самт корҳои муайян амалӣ карда шуданд. Дар маҷмӯъ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 142,2 млн. сомонӣ баробар шуда , ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,6 млн. сомонӣ зиёд буда, рушди соҳа 127,4 фоизро ташкил намудааст
Дар нишасти матбуотӣ намояндаи телевизиони “Сафина” дар минтақаи Кӯлоб, намояндаи нашрияи Садои Мардум”, Намояндаи телевизони “Точикистон” намояндаи нашрияи “Пайк”, намояндаи телевизиони “Варзиш” ва ҳамчунин дигарон ба суолҳои худ оид ба масъалаҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, кишоварзию рушди саноат посухи мушаххас гирифтанд.
Дар охир раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр изҳор дошт, ки сокинони фарҳангдӯсти шаҳр бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри иҷрои ҳадафҳои пешгирифта дар самти корҳои ободонию созандагии диёри биҳиштоосоямон содиқона саъю талош хоҳанд варзид.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP