Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор дар бозорҳо ва марказҳои савдои шаҳр санаи 8 июни соли равон ҷаласаи машваратии назди раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо ҷалби роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо ва бозорҳову марказҳои савдои шаҳр баргузор гардид.

Нахуст, дар ҷаласа роҳбарияти шаҳр суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои мо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, то ки дар ҳама самтҳо корро боз ҳам беҳтар хубтар ба роҳ монем.

Дар идомаи кори ҷаласа Фаррух Ҳалимов, намояндаи Сарраёсати хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи бехатарии сӯхтор дар бозорҳо ва марказҳои савдои шаҳри Кӯлоб маърӯза пешниҳод намуд.

113

Ҳамчунин, дар ҷаласа масъалаҳое, ки зимни баргузории машқҳои пешгирӣ аз сӯхтор, ки дар бозори “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб маълум гардида, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар асоси ин, доир ба бартараф намудани камбудиҳое, ки ҳангоми баргузории машқҳои пешгирӣ аз сухтор ошкоргардида дар бозори “Саховат” ва бозорҳои гирду атрофи он, аз байн бурдани сабаб ва шароитҳое, ки ба сар задани сухтор мусоидат менамояд амри раиси шаҳр тасдиқ карда шуда, гуруҳи корӣ барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо соҳибкорону тоҷирони бозору марказҳои савдои яклухту чаканаи шаҳр оиди риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сухтор, ҳолати санитарию гигиенӣ, ҳифзи муҳити зист, талаботҳои меъморию шаҳрсозӣ, истифодаи либоси ягона, бақайдгирӣ дар нозироти андоз, истифодаи самараноки нерӯи барқ, пешгирии бегонапарастӣ ва шуғли ғайрирасмӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Дар охир, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва бозорҳову марказҳои савдо ва дигар шахсони масъул барои дар муҳлати кутоҳтарин бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP