Театрро оинаи зиндагӣ мегӯянд. Ҳар як нақше ки дар он рӯи саҳна гузошта мешавад, бозгӯ аз ҳаёти гузаштаву имрӯзаи инсонист.

   Бо ин мақсад бахшида ба ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 100 солагии Ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, устод Меҳрубон Назаров  санаи 9 июни соли 2022 дар театри мусиқӣ-мазҳакавии Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб намоишномаи "Лаъли Бадахшон"-и ҳунармандони театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шахри Хоруғ  баргузор гардид, ки дар он роҳбарони  ташкилоту муассисаҳо ва аҳли фарҳанги шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.

Пеш аз оғози намоишнома мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Давлатҷон Ғаффорзода баромад намуда, меҳмононро аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  хуш омадед намуда, изҳор дошт, ки боиси ифтихор ва сарбаландӣ мебошад, ки дар доираи таҷлили 25-солагии Ваҳдати миллӣ ҳунармандони   театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров-и шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бо намоишномаи “Лаъли Бадахшон” ба Кӯлобшаҳри бостонӣ қадам ранҷа намуданд ваитминони боварӣ дорем, ки дар оянда низ бо беҳтарин намоишномаҳо меҳмони мардуми шаҳри Кӯлоби бостонӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин  дар намоишнома     ҳунармандони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз рӯи асари драматурги тоҷик, устод Ҷумъа Қуддус, дар таҳияи коргардони театр Умеди Хисрав нақшофарӣ намуданд. Образҳои ин намоишнома    мусбию манфи буда, хунарпешахои чавон кушиш намуданд, то  ки   аз уҳдаи нақши ба зиммадошта  ба хубӣ бароянд.

IMG 6107

   Боиси тазаккур аст, ки намоишномаи мазкур дар озмуни “Парасту” сазовори ҷоиза гардида, дар ҷашнвораи “Фаҷр” дар шаҳри Теҳрон низ ба намоиш дода шудааст.

   Бояд қайд намуд, ки  ҳунармандони ҷавони театр бо як маҳорати хосса дар саҳна тӯли як соат баромад намуданд. Мавзӯи намоишнома як воқеаи аҷибест, ки дар кӯҳистон ба вукӯь омадааст ва аз урфу одату меҳмоннавозии онҳо ҳикоят мекунад.

    Намоиши “Лаъли Бадахшон”  мардумро ба роҳи некиву накӯкорӣ, хайру сахо ва дӯстдории обу хоки ин сарзамин ва эҳтиром ба сарватҳои табиӣ даъват менамояд.

  Ҳамаи ҳодисаву воқеоти асар гирди як сангпораи лаъл чарх мезананд. Як мусофир аз шаҳри дур бо амри занаш дар ҷустуҷӯи сангпораи лаъл худро ба Бадахшон мерасонад ва бо истифода аз найрангу фиреб онро ба даст меорад, аммо оқибат ин сангпора барояш дар зиндагӣ бадбахтиҳои зиёд ба бор меорад.

   Воқеан ҳам ҷилои санги оташини лаъл ва мусиқии мардумӣ ба намоишнома шукӯҳу шаҳомати тозае бахшид. 

    Дар анҷоми намоишномаи театрӣ   ҳунармандони шаҳри Хоруғ миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагиашон ва ба  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани намоишномаи мазкур  изҳори сипос намуданд.

 

 Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

 

  

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP