Санаи 7-8 июни соли равон  дар толори Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб бо иштироки наврасону ҷавонони боистеъдод даври шаҳрии  Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар бахшҳои гуногуни ҳунарӣ баргузор гардид.

110

        Озмуни мазкур бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, он ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбии ҷавонону наврасон, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу сурудҳои  тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон ташкил гардидааст.  

111  

          Дар озмун ҷавонон ва наврасон шеъру суруд ва оҳангҳои нав, асарҳои мусиқии композиторони ватанӣ ва ҷаҳонӣ, намунаҳои мусиқии анъанавӣ, академӣ ва муосири тоҷикро, ки ба талаботи низомнома ва шартҳои озмун ҷавобгӯянд, пешниҳод намуданд.

    Бояд гуфт, ки баргузории   Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»   дар даврони  ҷаҳонишавии фарҳангҳо ба  тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии миллӣ  ва тарбияи маънавии ҷомеа махсусан ҷавонону наврасон нақши басо муҳим арзёбӣ гардид.

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

   

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP