Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Нахуст, меҳмононро раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар назди муҷассамаи Дуои модар истиқбол карда, сипас аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва №3-и шаҳри Кӯлоб дидан карданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки муассисаҳои мазкур солиёни дароз фаъолият доранд, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бинои муассисаҳои мазкур барои соли нави таҳсил аз таъмир бароварда шудаанд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо ҳайати устодону омӯзгорони муассисаҳои мазкур суҳбат намуда, иброз доштанд, ки бо фароҳам овардани чунин шароити мусоид ва созанда месазад, ки сифати таълиму тарбияро хубтару беҳтар ба роҳ монда донишу маҳорати хешро барои таълиму тарбияи насли наврас равона созанд.
Инчунин дар доираи ин сафар намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи таълимие, ки дар ҷамоти деҳоти Зиракӣ, деҳаи Баҳористон ҷараён дорад боздид ба амал оварда, барои корҳои боқимонда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Муассисаи мазкур дуошёна буда корҳои тармиму таъмир дар ошёнаи якум пурра ба анҷом расонида шуда, синфхонаҳои таълимӣ ба соли нави хониш омода карда шудаанд, ки баъд аз анҷоми корҳои сохтмонӣ дар муассисаи мазкур толибилмони деҳаи Баҳористон ба муассисаи наву замонавӣ таъмин гардида мушкилии роҳе, ки ба дигар деҳаҳои дурдаст баҳри илмомӯзӣ ҷалб мешуданд пурра бартараф карда мешавад.
Дар идома муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, раиси комиссияи даври ҷумҳуриявии озмун, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, директори МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмун Файзализода Ҷумъахон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр сардори раёсати маорифи вилоят Сафарзода Ғазалшоҳ, ҳамроҳӣ намуда, аз рафти баргузории даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии ”Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” назорат намуд.
Таъкид гардид, ки даври вилоятии озмун дар сатҳи баланд бо таъмини шаффофият ва дар асоси талаботи муайяншуда бояд гузаронида шуда, аз тарафи комиссия рафти он ҳамарӯза назорат карда мешавад.
Баҳри таъмини сифати баланд баргузорӣ ва дарёфти чеҳраҳои арзанда диққати ҷиддӣ дода, танҳо нафарони арзанда ба сатҳи ҷумҳурӣ роҳхат дода шаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP