Лозим ба ёдоварист, ки  тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба фаъолияти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҳар семоҳа натиҷагирӣ карда мешавад.

Бо ин мақсад санаи 19 апрели соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматзода Фаррух, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини раиси вилояти Хатлон, Қурбонзода Амирхон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар се моҳи аввали соли 2024 доир гардид.

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ инчунин муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр,  мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сардорони раёсатҳо, корхонаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва тиббии шаҳр, раисони ҷамоатҳо, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, раисони Кумитаҳои маҳаллии кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

         Зимни баргузории  ҷаласаи ҷамъбастӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Асозода Манучењр Соњибназар оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар давраи семоҳаи аввали соли равон баромад намуд. Қайд гардид, ки сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб давоми се моҳи сипаригаштаи соли 2024 баҳри амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри расидан ба нишондиҳандаҳои назаррасу арзандаи меҳнатӣ, аз тамоми имконот   истифода бурда, бо фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти кишвари азизамон вусъати тоза бахшида, дар семоҳаи аввали соли 2024 ба тақвияти корҳои созандагӣ ва фардои боз ҳам ободу осуда заминаҳои мусоиду устувор гузошта истодаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Конститутсияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумуҳрии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба роҳбарӣ гирифта талош намуда истодааст, ки  фаъолияти худро дар тамоми самтҳои гуногуни хоҷагӣ беҳтар намояд.

         Ҳамчунин,  Раиси Љамоати деҳоти Даҳана  Назирзода Фарњод Назир, Достиев Ѓиёсиддин – директори МД “Хољагии коммуналї”-и шањри Кўлоб ва Сайдамиров Бахтиёр – сардори Ситоди њолатњои фавќулодаи шањр оиди фаъолият дар давоми се моҳи соли 2024 дар назди ҳозирин ҳисобот пешниҳод намуданд.

Дар идомаи кори ҷаласа масъалаҳо ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани кишти зироатҳои кишоварзӣ, таъмини пурраи дурнамои кишти пахта, баҳисобгирии дурусти саршумори чорво, зиёд намудани истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, иҷрои саривақтии нақшаи андоз таъмини босифати барқ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокиву полезӣ, назорати ҷиддӣ бурдан дар муассисаҳои таълимӣ, фаъолона иштирок намудани хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бартараф намудани норасоии кадрҳо дар соҳаи тандурустӣ ва маориф, шинонидани гулҳои мавсимӣ, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои вайроншавии оилаҳо, гузаронидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни аҳолӣ, сифатнок иҷро намудани нақшаи даъвати ҳарбӣ, гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.

 Инчунин дар идомаи кори маҷлис муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматзода Фаррух, муовини раиси вилояти Хатлон, Қурбонзода Амирхон аз фаъолияти рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру деҳоти Кӯлоб натиҷагирӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар охир раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, аз масъулин ҷиҳати иҷроиши нақшачорабиниҳои тасдиқгардида оиди боз ҳам тақвият бахшидани  вохӯриҳои судманд бо аҳолӣ, тариқи усули хона ба хона бо иштироки  шахсони обуруманд, вакилон, имомхатибон, омӯзгорон ва дигар шахсиятҳо  фаъолияти худро ҷоннок намоянд, ҳамзамон дастур дода шуд, ки зимни вохӯриҳои мазкур дастуру супоришҳои роҳнамунсозӣ Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ҳамзамон расонидани бандҳои дахдори Конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи тарбияи Ватандӯстии ҷавонон”, инчунин дар бораи роҳ надодан ба фарҳанги бегона, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ташкил намудани чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ бо ҷалби аҳолӣ, ташкил намудани мизҳои муддавар дар телевизиони Кӯлоб бо иштироки мутахассисони соҳаҳои гуногун, иҷроиши Барномаҳои давлатӣ, инчунин  тарбияи  дурусти  фарзандон дар муассисаҳои таълимӣ  даъват намуданд.

 Ҳамзамон дар интиҳои ҷаласаи мазкур аз тамоми масъулон бори дигар даъват ба амал овард, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид  ҳамаи мо масъулин  вазифадорем, ки корбариву коргузориро ҷиддӣ ба роҳ монда, дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта масъулиятшинос бошем. то ин ки ба нишондиҳандаҳои мусбат ноил гардем.

Вализода Султонҷон Ёќуб - мудири бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP