Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №126 аз 28 марти соли 2023 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023» ва қарори раиси шаҳри Кӯлоб оид ба қарори раиси вилояти Хатлон истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Шарора” воқеъ дар ноҳияи Мӯъминобод барои гузаронидани таътили тобистонаи мактаббачагони шаҳру деҳоти Кӯлоб барои соли 2023 фаъолият намуда даври дуюми мактаббачагон ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд.
Субҳи 10 августи соли ҷорӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр зимни гусели расмии даври дуюми истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Шарора” бо мактаббачагон суҳбати гарму самимӣ намуда, аз таваҷҷуҳу дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити хубу созгор барои гузаронидани истироҳату фароғат дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ ёдоварӣ намуда, аз хонандагон даъват ба амал оврад, ки вақтро ғанимат шуморида, бо ҳамдигар риштаҳои дӯстиро мустаҳкам ва хотироти хуб аз ин мавзеъҳо бардошт намоянд.
Волидайни мактаббачагон аз ин иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳбаланд гардида миннатдории хешро ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид изҳор намуданд.
Сипас мактаббачагонро муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо ва дигар масъулони шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давллатии шаҳр ҳамроҳӣ намуда, наврасонро ба шароит ва буду боши истироҳатгоҳ, фароғат, анвои хӯрока, макони оббозӣ ва дигар самтҳои фаъолияти истироҳатгоҳ шинос намуданд.
Бояд гуфт, ки алҳол дар даври дуюм беш аз 110 нафар хонандагони фаъолу боистеъдоди шаҳру деҳоти Кӯлоб, кудакони аз оилаҳои дар садамаи нақлиётӣ рухдода ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP