Назарзода Бахтиёр Худоёр, раиси шаҳри Кӯлоб аз рафти корҳои сохтмонии корхонаи парандапарварии ҶДММ "Исмоилиёни Бурҳон" дидан намуд. Тавре масъулон ба раиси шаҳр иттилоъ доданд, дар корхонаи мазкур танҳо парвариши мурғи гуштӣ ба роҳ монда мешавад ва сохтмони корхона дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Инчунин, гуфта шуд, ки баъди ба истифода додани корхона, дар марҳилаи аввал аз 60 то 80 ҳазор мурғро имкони парвариш намуданд доранд. Ба гуфтаи масъулони корхонаи болозикр айни замон дар биноҳои асосӣ таъмир пурра ба анҷом расида, таҷҳизоти лозима дастрас ва насб гардидаанд. Ҳамзамон, тармим, сарсабз намудани атроф ва мумфарш гардидани ҳавлии корхона рафта истодааст.
Дар ҳамин маврид Назарзода Бахтиёр бо фаъолияти фабрикаи парандапарварии ҶДММ "Саман" ошно гардид. Ба иттилои масъулон дар як шабонарӯз дар корхонаи мазкур бештар аз 30 ҳазор дона тухм истеҳсол мешавад. Инчунин, айни замон барои афзоиш додани саршумори мурғҳои тухмӣ, чӯчаҳои махсус парвариш ёфта истодаанд ва масъулони ният доранд, ки истеҳсоли тухмро дар як шабонарӯз то ба 50 ҳазор дона расонанд. Корхонаи мазкур пурра ба шароити имрӯза мутобиқ буда, таҷҳизотҳо ба таври автоматӣ фаъолият менамоянд. Мутасаддиён гуфтанд, ки 23 нафар дар корхона фаъолият менамояд ва маоши миёнаи кормандон 1500 сомониро дар бар мегирад.
С. Содиқ