Санаи 3 июли соли 2023 таҳти раёсати раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи корӣ доир гардид.
Дар кори он муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо, масъулони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, имомхатибон ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 15 апрели соли 2021, №286, “Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 29 июли соли 2020, №208, “Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025””, оид ба субъектҳои хоҷагидории алоҳида ҷиҳати супоридани ҳисоботҳои оморӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин дар кори ҷаласа масъалаҳо оид ба тоза намудани гирду атрофи ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳо, ба итмом расонидани корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнӣ, гузаронидани шанбегиҳо риояи интизоми меҳнат аз ҷониби ҳамаи роҳбарону ташкилотҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда шахсони масъул вазифадор гардиданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP