Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону» -и шаҳри Кӯлоб  чорабинии идона баргузор гардид. Ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва масъулони бахшҳои марбута иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ меҳмонон аз дастовардҳо ва шароити буду боши таълимгирандагони ташкилоти мазкур ошноӣ пайдо намуданд.

deti

Баъдан,мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Давлатҷон Ғаффорзода зимни суханронии хеш кӯдакону наврасонро ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрику муборакбодӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки дар партави сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон ба тарбияи кӯдак ва ташаккули тарзи ҳаёти солими насли наврас ва таълиму тарбияи онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Ҳамзамон, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии Заршедабону Қаламнисо Абдулқайюмова аз моҳияти таваҷҷуҳи мақомоти маҳаллӣ ба таълиму тарбияи насли ояндаи ҷомеа ёдовар шуд. Мавсуф бо қаноатмандӣ аз дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати пуштибонӣ аз ҳуқуқи кӯдакон ва муҳайё намудани шароити мусоиду замонавӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, иброз дошт, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи ҳамагонӣ ба тарбияву ташаккули зеҳнии кӯдакон дар оянда аз миёни онҳо беҳтарин кадрҳои хизматгори содиқи Ватан ба воя хоҳанд расид.

kudako

Дар идомаи чорабинии мазкур барномаи омода намудаи тарбиятгирандагони ташкилоти ҷамъиятии Заршедабону бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP