Боиси хурсандист, ки ҳамасола дар саросари кишварамон 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмиллалии муҳофизати кӯдакон бо тантана таҷлил мегардад. Бо ин мақсад санаи 1 июни соли равон дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва дигар шахсони масъул чорабинии идона баргузор гардид.

  Нахуст, роҳбарияти шаҳр аз намоиши ҳунарҳои дастии хурдсолон – тарбиятгирандагони боғчаҳои бачагона ва муассисаҳои таълимии шаҳр  дидан намуданд.  Зимни боздид аз намоишгоҳи ҳунарии кӯдакону наврасон  роҳбарият   ба дастандаркорони намоиши ҳунарӣ баҳои баланд доданд.

90

   Сипас, чорабинии тантанавӣ ба сухани ифтитоҳии Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр оғоз гардида, ҳамаи кӯдакону наврасон ва иштирокчиёни чорабиниро ба ин санаи фархуда табрику муборакбод намуд.  

   Қайд гардид, ки дар кишвари азизамон аз тарафи давлату Ҳукумат ва аҳли ҷомеа ба тарбияи насли наврас аҳамияти ҳамаҷониба дода мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз доштаанд, ки танҳо насли навраси аз ҷиҳати зеҳнӣ ва ҷисмонӣ солим метавонад дар оянда барои ҳалқу миллат хизматҳои арзанда кунад. Ба ин хотир, дар кишварамон аз 22 июни соли 2019 “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” амал мекунад. Мақсад аз таҳияи барномаи мазкур беҳтар намудани шароит ва сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва ба танзим даровардани системаи тарбияи кӯдакони синни томактабӣ мебошад.

    Ҳамчунин,   дар ин рӯз ба як қатор фаъолони шаҳр барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас, дар замири кӯдакони парвардаи меҳру муҳаббат ба Ватан ва тарғиби меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ карда шуданд.

  Инчунин дар идомаи чорабинӣ  роҳбарияти шаҳр   ба кӯдакону наврасон тӯҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.

93

   Дар охир ба иштирокчиён чорабинии фарҳангии омоданамудаи бахши фарҳанг, тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таълимии шаҳри  Кӯлоб пешкаш гардонида шуд.

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP