Имрӯз, 30 майи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи  назоратии  назди  раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр доир гардид, ки дар он  муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои таълимию тиббӣ,  раисони ҷамоатҳо, соҳибкорон  ва  дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

  Нахуст,  раиси шаҳр ҷаласаро оғоз намуда, изҳор доштанд, ки ҷиҳати ҳарчӣ зудтар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доир ба  татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, ки дар паёми навбатиашон аз санаи 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон намудаанд, корбариро  боз ҳам ҷоннок намоем то ба рушду  пешрафт ва созандагиву бунёдкорӣ  ноил  гардем.

shef

 Ҳамчунин, қайд гардид, ки баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии мамлакат ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти ҷашниро тибқи нақша  ҳарчӣ зудтар ба истифода диҳем.

acoc

   Дар идомаи ҷаласа,  мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Қурбон Аҳмадзода оид ба рафти иҷрои нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимият давлатии шаҳр ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон  ҳисобот пешниҳод намуда иброз доштанд, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №311 ва Қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 30 марти соли 2022, №145 “Дар бораи сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон” ба тавсиб расида, дар ин замина аъзоёни гуруҳи корӣ таъсис дода шудааст.

  Инчунин, дар маҷлиси назоратӣ сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳр Амирҷон Гулмадов оид ба пешниҳодҳои Прокуратураи шаҳри Кӯлоб баромад намуд.

    Дар идомаи кори маҷлис,  инчунин масъалаҳо оид ба сохтмону бунёди иншоотҳо ва назоратии қатъии он аз ҷониби сармеъмори шаҳр,  иҷроиши андозҳои маҳаллӣ,  ҳамчунин фаъолияти корхонаҳои саноатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Сипас, аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ба як қатор фаъолони шаҳр барои саҳмгузории арзанда  дар сафарбар намудани ҷомеа ба таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани руҳияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон аз роҳи корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва таъмини иҷрои нақшаҳои даъватии баҳорӣ   ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ карда шуданд.

 

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP