Мушоҳидаҳои чанд рӯзи охир дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ нишон дод, ки баъзе афроди сияҳкор даст ба тазоҳурот зада, тартибу низоми ин шаҳрро халалдор ва сокинони осоиштаи ин вилоятро нигарон намудааст.
Феълан, чунин афроди носипос дар ҷомеаи имрӯзаи мо ангуштшумор ҳам бошанд, аммо бо фитнаву дурӯғангезиҳои худ баъзе ҷавонони ноогоҳро роҳгум намуда, ба роҳи хатарзо мебаранад. Инчунин асолатбохтагон ва носипос ватанфурӯш, ки аз кишвар берун истодаву ба ҳар роҳу восита дар афкори ҷавонон тухми кинаву адоват пошида, мехоҳанд мардуми фарҳангшиносу осоиштаи Бадахшонро бар зидди ҳукумат ва давлати худ шӯронанд. Ҳолонки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии абармарди арсаи сиёсат, фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари ваҳдатгаро ва мардумонаш дӯсту итиффоқ муаррифӣ шуда, оламиён аз мактаби сиёсии Сарвари давлати мо дарси сулҳофарӣ меомӯзанд.
Роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон махсусан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни суханрониҳои хеш ба мардум муроҷиат карда мегӯянд, ки “Мо сокинони кишвар пеш аз ҳама ҳушёриву зиракиро аз даст надода, барои таҳкими устуворӣ, ваҳдату истиқлолияти сартосарии кишвар саҳмгузор бошем”.
Аз ин лиҳоз, дар ин шабу рӯз, ки иддае аз душманони миллату давлати мо хоҳони ноором кардани вазъи сиёсӣ дар ВМКБ буда, сулҳу оромии мардуми ин вилоятро халалдор карданианд, гуфтанием, ки мо сокинони Кӯлобшаҳри бостонӣ, ваҳдату якдилӣ, меҳанпарастиву хештаншиносӣ, худогоҳиву муттаҳидиро ҳамеша шиори кору рӯзгори хеш ҳисобида, рафтору кирдори ноҷавонмардонаи баъзе аз афроди ноогоҳе, ки фирефтаи хоҷагони хориҷи кишвар гашта, дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ тазоҳурот барпо намудаанд сахт маҳкум менамоем.
Бо арзи эҳтирому самимиятаз сокинони шарафманди ВМКБ хоҳишу таманно дорем, ки фирефтаи як гурӯҳи дасисабозону бадхоҳони ватани хеш нашуда, зери парчами сулҳу ваҳдати миллӣ баҳри таъмини амнияту осоиштагӣ дар Тоҷикистон саҳми худро гузоранд. Зеро дар шароити имрзи ҷаҳон, ки иддае аз гурӯҳҳои бадхоҳ мехоҳанд вазъияти сиёсиро дар кишварҳои дар ҳоли рушд ноором созанд, бояд мо ҷиҳати таҳкими сулҳу суботи кишвар иттифоқу сарҷамъ бошем.
Сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб