Ҳамасола 18 май дар саросари кишвар Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо таҷлил карда мешавад.

  Ба ин муносибат дар Муассисаи давлатии “Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб” канфиренсияи илмӣ баргузор гардид.

Нахуст, дар чорабинӣ диретори генералии МД “Муассисаи давлатии “Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб” Ҳотам Асозода баромад намуда, ҳамаи иштирокчиёнро ба ин рӯзи фархунда табрик намуда, изҳор дошт, ки дар тӯли асрҳои гузашта донишмандону муҳаққиқон ва аҳли адаби миллати тоҷик шоҳкориҳои зиёде офаридаанд, ки онҳо дар шинохти таъриху фарҳанги миллатамон нақши барҷаста доранд.

aco

  Дар осорхона таъриху фарҳанг, расму оин ва урфу одат ҳифз карда мешавад. Қайд намуд, ки халқи тоҷик дорои таъриху фарҳанги бою ғанӣ аст ва аз ин рӯ, на танҳо дар пойтахти кишвар, балки дар ҳар як шаҳру новоҳии он осорхонаи таърихие вуҷуд дорад. Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии шаҳри Кӯлоб яке аз осорхонаҳое мебошад, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 2700-солагии Кӯлоб ба фаъолият оғоз намудааст.

acco

  Дар идомаи канфиренсия як қатор ходимони осорхона бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои худ дар назди ҳозирин баромадҳо намуданд.

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP