ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Ҷавонони саодатманд!

    Шукургузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати сартосарии  ҳамаи Шумоён ҷавонони азиз ва дар симои Шумо тамоми ҷавонони шаҳри Кӯлоби бостониро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола  санаи 23-юми май баргузор мегардад самимона табрик намуда, ба ҳамаи Шумоён бахту иқболи баланд, саодати зиндагӣ, хониши хубу аъло ва дар  фаъолияти ояндаатон барору комёбиҳои беназиро орзумандам.

Ҷавонон дар ҳама давру замон неруи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Вобаста ба ин мардуми шарафманди Тоҷикистон  аз ҷумла насли ҷавон   имрӯз зери сиёсати хирадмандонаву сулҳпарварона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии осуда ва фаъолияти пурсамар дорем.

     Ба ҳамаи мову шумо ҷавонони азиз маълум ҳаст, ки истиқлолият  ва ваҳдати комил ба осонӣ ба даст наомадааст. Маҳз талошу ҷонфидоиҳои  абармарди арсаи ҷаҳонӣ, ҳомии сулҳу ваҳдат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як матонату ҷасорат, иродаи қавӣ  бо дилу нияти нек зимоми идораи  давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки  хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, бар уҳда  гирифтанд ва дар як мудати кутоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди  миллат фӯрузон намуд.

Чунонки Роҳбарияти Олии мамлакат Пешвои маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: “Имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро азхуд намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ва ба хотири рушди киш вари маҳбубамон саъю талоши фаъолона доранд ва аз ин рӯ, имрӯз рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст”.

   Ин буд, ки тамоми меҳнаткашон, модарону хоҳарон, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд   ва ҳазорҳо бозуи қавӣ дар зери сиёсати оқилонаву созандаи Пешвои муаззами миллат  гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистон муттаҳид гардидаанд. Ҳамин муҳҳабату самимимияти беандозаи мардуми бофарҳангу  хирадсолор буд, ки имрӯз тамоми хурду бузург, аз ҷумла ҷавонон  дар симои Пешвои миллат падари маънавии худро мебинанд.

Дар шаҳри Кӯлоб низ барои тарбияи ҷавонон ба ҳаёти ҷомеа фаъолона ҷалб намудани насли ҷавон корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст.

    Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳр «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2018-2022» қабул шудааст, ки ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароитҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ ҷиҳати ташаккули шахсият ва дастгирии ҷавонон нигаронида шудааст.      

   Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва фаъолияти эҷодии ҷавонон, дастгирии ҷавонони лаёқатманд дар соли хониши 2021-2022 барои хонандагон ва донишҷӯёни фаъоли шаҳр 82 стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, мавриди амал қарор доранд.

   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон ба ҷавонони кишвар чунин  иброз доштанд, “Шумо- ҷавонон умеду орзуи мо,  татбиқкунандагони   нақшаву ниятҳои  неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошед ва вазифадоред, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаландона иҷро намоед”.

   Шумораи ҷавононе, ки бо ахлоқи ҳамидаи худ ва ҳиссаи арзандаву сазоворашон дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр намунаи дигарон мебошанд кам нестанд. Дар ин қатор метавонем олимони ҷавон: Гадомад Зулфиев,  Шералӣ Гадоев; варзишгарони ҷавон: Искандари Рустам, Мавзуна Чориева, Абдулқосим Файзиев, Сорбон Латипов, Хайрандеши Муродалӣ, Сагизов Бахтовар  ва боз садҳо омӯзгорону соҳибкорони ҷавонони дигарро бо ифтихор ном гирем.

    Бояд қайд намоем, ки соҳаи варзиш низ дар шаҳр сол то сол рушду густариш ёфта, оммаи васеи аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонону наврасон ба он мароқи зиёд зоҳир менамоянд.

    Имрӯз дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 1 Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ, 4 Муассисаи давлатии мактабҳои варзишии назди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, 1 варзишгоҳи марказӣ, 1 маҷмааи бузурги варзишӣ 185 майдончаҳои варзишӣ, 75 толори варзишӣ  ва 4 ҳавзи шиноварӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 22 нафар мураббиён аз рӯи 12 намуди варзиш кору фаъолият намуда,   зиёда аз 596 нафар наврасону ҷавонон машғулият меомӯзонанд.

   Айни замон дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳот сохтмони майдону  толорҳои варзишӣ, идома доранд.

    Боварии комил дорам, ки насли ҷавони имрӯза аз ҷумла Шумо ҷавонони азиз ва пайравони асили Пешвои миллат барои боз ҳам баланд бардошатани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, муаррифӣ намудани таъриху фарханги бою ғанӣ, эҳтиром гузоштан ба ваҳдати сартосарӣ бо донишу маҳорат ва масъулияти баланди  ҷавонмардӣ тамоми қувваи худро  равона  менамоед то ин, ки ба боварию эътимоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор бошед.

   Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар  ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона   табрику таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, малакаи баланди касбӣ ва бахту саодат орзу менамоям. Итминон дорам, ки шумо  ҷавонон, минбаъд низ бо ҳисси ватандӯстӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва рушди иқтисоди Ватан, ҳамчунин, таъмини сулҳу субот ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда мегузоред.

   Идатон муборак ҷавонони Тоҷикистон!

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP