Кирмакпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромад дар хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб рафта, дар самти таъмини корхонаҳои саноатӣ бо маҳсулотҳои гуногуни абрешим, ки  бозори молҳои ниёзи мардумро бо ашёи хоми ватанӣ таъмин менамояд, дар самти рушти тараққиёту пешрафти ҷомеа саҳми назаррас мегузорад.

   Бояд гуфт, ки ҳамасола дар шаҳру навоҳии мамлакат кирмакпарварӣ рушд намуда, дар хоҷагии қишлоқ парвариш ва нигоҳубини он дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда мешавад.

  Дар ҷамоати дехоти Зиракии шаҳри Кӯлоб хоҷагидорон ба ин самт таваҷҷуҳи махсус дода, ҳамасола парвариши кирмакро вусъат мебахшанд. Айни замон хоҷагидорон ба ҷамъоварии ҳосил машғул мебошанд.

kk

   Ба иттилои Давлат Шеров намояндаи ҶСК “Пиллаи тоҷик” дар шаҳру деҳоти Кӯлоб мувофиқи дурнамо 63 қуттӣ тухми кирмак дар 4 ҷамоат тақсимот гардида буд ва тибқи нақшабандӣ бояд 2 тонааву 500 кг пилла ҷамъоварӣ карда шавад. алҳол   хоҷагидорон ба ҷамъоварии ҳосили он   машғул мебошанд. 

  Маврид ба зикр аст, ки дар мамлакат «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» амал мекунад, ки мақсади асосии барномаи мазкур фароҳам овардани шароит ва замина барои рушди босуботи соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи механизмҳои иқтисодӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳои бевосита ба соҳа ба шумор меравад.

   Бибитош Муродова сокини ҷамоати деҳоти Зиракӣ беш аз 30 сол боз ба парвариши кирмак машғул буда, аз ин ҳисоб ҳамасола зиёда аз 100  килограм пилла ба даст оварда, даромади хуби иктисодӣ  ба даст меорад. 

k

   Ба гуфти кирмакпарварони ҷамоати мазкур парвариши кирмак  нигоҳубини пайваста ва дар вақти муайян бо ғизо таъмин намуданро талаб менамояд.

   Бояд иброз дошт,  ки  кирмакпарварӣ ба мисли дигар соҳаҳои кишоварзӣ дар мамлакат мавқеи асосиро доро мебошад. Асоси пилларо нахи он ташкил медиҳад. Он нахи абрешим, ки аз пилла гирифта мешавад, аз дигар нахҳои табиӣ фарқияти калон дорад. Фарқияти он дар мустаҳкам будани нах, хусусияти ёзишхӯрии он, ва аз ҷиҳати экологӣ тоза будани он зоҳир мегардад. Инчунин аз нахи абрешим зиёда аз 330 номгӯй маҳсулот истеҳсол мешавад.

   Идимо Бобулова сокини ҷамоати деҳоти Зиракӣ дехаи Зарқалъа беш аз 25 сол боз ба парвариши кирмак машгул буда,  хамасола дар мавсим саҳми хешро дар парваришу истеҳсол ва иҷрои нақшаи дурнамои ҷамоат мегузорад.

   Бояд кайд намуд, ки соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла рукни муҳими кишоварзӣ маҳсуб мешаванд. Зеро маҳз иқлими мусоиди Тоҷикистон имконият фароҳам овардааст, ки ба ин намуди соҳа сокинон шуғл варзида, маҳсулоти истеҳсолнамудашонро пешкаши бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ гардонанд.

Парвариши кирмаки пилла аллакай дар хоҷагиҳо ба охир расида хоҷагидорон ба ҷамъоварии ҳосили пилла оғоз намуданд.

     Маврид ба зикр аст, ки бо парваришу нигоҳубини дурусти кирмакпарварӣ дар хоҷагиҳои мамлакат рушди корхонаҳои саноатӣ зиёд гардида,  таъмини бозори маҳсулотҳои абрешими ва дастраси ба ашёи хоми аълосифат  саҳми назаррас мегузорад.

 Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP