Субҳи 15-уми майи соли равон дар шаҳри Кӯлоб «Рӯзи дави миллӣ» баргузор гардид.

   Дар он Роҳбарияту кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, варзишгарон, наврасону ҷавонон, ташкилоту муассисаҳо дар «Рӯзи дави миллӣ» бо ифтихори баланди ватандорӣ  фаъолона иштирок намуданд.

280562641 518399026593636 658269641741926771 n

  Нахуст, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу дар назди ҳозирин баромад намуда, изҳор дошт, ки ҳамасола бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доираи рӯзи ҷавонон дар саросари кишвар «Рӯзи дави миллӣ» таҷлил карда мешавад.

 

   Гуфта шуд, ки Роҳбарияти давлату Ҳукумат тарбияи ҷисмонӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солимро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст. Бо такя ба сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат ба хотири таъмини идеяи миллати солим ва ҷалби ҳарчӣ бештари ҷомеа ва варзиш Ҳукумати кишвар марҳила ба марҳила ба таҳкими санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ корҳи муайянеро дар самти рушди варзиш ба анҷом расонидааст.

280648979 518399139926958 2330287246085185656 n

   Ҳамин тавр, бо ишораи устодони варзиш   марафони велосипедронӣ , сипас иштирокчиён ба дави миллӣ дар масофаи 3км  оғоз гардид.

Дар охир ба иштирокчиён ва ғолибони марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ барои   иштироки фаъолона бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии бахши кор бо ҷавонон вар варзиши шаҳри Кӯлоб сарфароз гардиданд.

    Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP