Дар доираи  амалигардии ҳадафи чоруми старатегии кишвар- саноаткунонии босуръати мамлакат ва эълон гаштани соли 2022  “ Соли рушди саноат ва роҳҳои обод”дар шаҳри Кӯлоб,  дар минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ҷаласаи сайёри  раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр  баргузор гардид.
 
  Дар он роҳбарияти  минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб, масъулону роҳбарони кохонаҳои истеъсоливу саноатии шаҳр ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
 
  Зимни оғози ҷаласаи сайёр, раиси шаҳр ба сухан баромада изҳор доштанд, ки  баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми старатегии Ҷумҳурии Тоҷикистон- саноаткунонии босуръати мамлакат аз тамоми имконятҳо     самараноку оқилона истифода баранд  то ба ин ҳадафи созанда ноил шавем.
 
Сипас, Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб Абдуллозода Мустафо Рустам ба раиси шаҳр ва ҳайати иштирокдорони ҷаласаи сайёр  лоиҳаи амалишавии иншооти минтақаи озоди иқтисодиро муаррифӣ карда,  изҳор доштанд, ки то кунун дар иншоот як корхона бунёд гардида рӯзҳои наздик васлу насби таҷҳизот сурат гирифта,  корҳои созандагӣ дар корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ, набот ва банду басти намаки ошӣ бо маром ҷараён дорад.
 d
Корхонаи истеҳсолӣ барои истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобил дар назар аст, ки дар марҳилаи аввал  мавриди истифода қарор мегирад.
 
Дар маҷмӯъ гуфта шуд, ки то амалишавии лоиҳаи мазкур дар МОИ “Кӯлоб” наздик ба 30- корхона бо фарогирии бештар аз 8 ҳазор ҷойи кор бунёд ва ба истифода дода мешавад.
 
Инчунин дар идомаи ҷаласа, фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳр дар се моҳи соли 2022 ҳамаҷониба таҳлил карда шуда, қайд гардид, ки дар ин давра 2 корхонаи саноатӣ ва 3 коргоҳҳои саноатӣ ба истифода супорида шуда, 40 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд.
 
     Зимни ҷаласаи сайёр масъулин ба шаҳрдор ва соҳибкорону сармоягузорон марҳилаи бунёди иншоот, нақшаҳои минбаъда, дарёфти роҳҳои сармоягузорӣ ва сифатнок анҷом ёфтани корҳои ободониро тавассути сабту наворҳои мавҷуда намоиш доданд.
 
   Дар музокирот соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланди шаҳри Кӯлоб оид ба амалишавии лоиҳаи мазкур суханронӣ карда, ҷонибдории хешро ҷиҳати рушди минбаъдаи шаҳри Кӯлоб изҳор доштанд.
 g
Таъкид гардид, ки давоми 5 соли минбаъда соҳибкорони бо нангу номуси Кӯлоби бостонӣ азми ҷиддӣ доранд, ки дар бунёди корхонаҳои нав ва фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ ҳиссаи сазовор гузоранд.
 
  Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба масъулин ва сармоягузорони дохилӣ дастур доданд, ки дар 5 соли равон бештар аз 9 адад корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд карда, дар татбиқи ҳадафи миллӣ саноатикуноии босуръати кишвар ва эълон шудани солҳои 2022-2026 ҳамчун солҳои рушди саноат нақши муассир гузоранд.
 
Бахши матбуотии МИҲД-и Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP