Имрӯз, 28 апрели соли равон дар Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳим-и шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сил – 2022 таҳти унвони “Ҷомеаи ман бидуни сил” чорабинӣ доир гардид.

     Сараввал, меҳмонон аз намоиши асарҳои рассом Ҷонибек Асозода ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Кӯлоб, аз қабили чакан, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ дидан намуданд.

VISTAVCA

     Дар чорабинӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани миллии сил Муртазозода Ҷамшед, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Амирзода Абдухолиқ, раиси ноҳияи Восеъ, муовинони раисони ноҳияи Ҳамадонӣ, Фархор, Муъминобод намояндагони кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ, сохторҳои тандурустии марбута, Сафирони пешгирии сил, табибон, донишҷӯён, шахсони аз сил шифоёфта, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳамчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

BOZDID

     Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр оғоз гардида, меҳмоноро ба ин сарзамини куҳанбунёду овозадор ва меҳмоннавоз, яъне Кӯлобшаҳри бостонӣ хайрамақдам гуфт.

 Роҳбарияти шаҳри зимни суханронӣ иброз доштанд, ки лоиҳаи «Ҷомеаи ман бидуни сил» оид ба пешгирӣ ва табобати яке аз бемориҳои вазнинтарини олам ба ҳисоб рафта, баргузории чунин чорабиниҳо баҳри пешгирии ин бемори аз манфиат холӣ нест.

BAROMAD

      Гуфта шуд, ки ба ақидаи мутахассисон сил бемории марговартарин дар байни касалиҳои сироятӣ мебошад. Ҳар сол дар олам ҳазорон нафар аз ин касалии даҳшатбор мефавтанд. Барои табобати як бемор аз 80 то 10000 долари амрикоӣ масраф мешавад. Он бемории сироятӣ яъне гузаранда мебошад. Боиси осеби шуш ва баъзан дигар узвҳои бадан мегардад. Аз қадиммулаём вуҷуд дорад ва ба инсон маълум мебошад. Табобатшаванда ва пешгиришаванда аст.

      Таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузории чунин чорабинӣ пешгирӣ, дарёфт ва табобати саривақтии ҳолатҳои бемории сил дар байни аҳолӣ тавассути ҷалби ҷомеаи маҳаллӣ ва дастгирии беморон мебошанд.

 Дар идома Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани миллии сил Муртазозода Ҷамшед, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Амирзода Абдухолиқ, намояндагони кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа Зиёвуддин Авғонов, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои худ баромад намуданд.

      Инчунин дигар коршиносон аз фаъолиятҳои афзалиятнок сухан гуфта, дар бораи вазъи эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб маълумот доданд. Дар баробари ин, ҳадафу мақсад ва вазифаҳои лоиҳа аз ҷониби масъулин шарҳ дода шуд.

     Зимни муколама мутахассисони соҳаи тиб, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони аз сил осебдида аз мушкилот ва имкониятҳои лоиҳа муҳокима намуданд.

     Қисмате аз чорабинӣ барномаҳои фарҳангӣ, аз қабили таронаву рақсу ҳаҷв дар иҷрои Сафирони пешгирии сил – овозхонони шинохта, Ҳабиб Ҳакимов, ҳаҷвнигор Муқимҷон Абдуфаттоев ва дигар гурӯҳҳои ҳунари бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб пешниҳоди аҳли толор карда шуд.

    Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

 

 

  

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP