Ёдовар мешавем,ки рӯзҳои 15 то 18-уми апрели соли равон дар Мактаби байналмиллалии президентии шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва фанҳои технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ барои хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир гардид.
Дар радифи як қатор муассилини муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон 48- нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб дар олимпиадаҳои фаннии аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва фанҳои технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ иштироки фаъол намуда, аз онҳо 14 нафар соҳиби медалу диплом (2 ҷойи дуюм, 10 ҷойи сеюм, 2 ҷойи ифтихорӣ) шуданд.
Онҳоро дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, масъулону кормандони шуъбаи маорифи шаҳр, омӯзгорон ва волидайни хонандагон самимона истиқбол гирифтанд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб