Санаи 18 апрели соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратии раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, сардорони раёсатҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, масъулони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Ҷаласаро ба сухани муқаддимавӣ раиси шаҳр ифтитоҳ бахшида, изҳор намуданд, ки ба хотири дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корбариро бояд дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти шаҳр аз ҷониби масъулини ҳар як соҳа ва тамоми кормандон боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монда, то ба ҳадафҳои ниҳоӣ ва рушду пешрафти шаҳрамон ноил гардем.

yakum

Дар идомаи ҷаласа ҳамчунин, муовини раиси шаҳр, (ҳамзамон раиси комиссияи даъватӣ) Ҳамидиён Орзу оид ба рафти омодагиҳои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.

Сипас, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ба масъулин оид ба сафарбарнамоӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки нақшаи сафарии даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ бояд дар наздиктарин фурсат анҷом ёбад.

seyum

Баъдан, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Сафарализода Саидҳомид оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2021, №1802 “Дар бораи авф бинобар қонунгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Ҳамчунин, дар маҷлиси назоратӣ сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳр Амирҷон Гулмадов оид ба пешниҳодҳои Прокуратураи шаҳри Кӯлоб ва пешниҳоди шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ баромад намуд.

Дар идомаи кори ҷаласаи имрӯза инчунин, масъалаҳои вобаста ба иҷроиши андозҳои маҳаллӣ, сари вақт пардохт намудани музди меҳнати кормандон, раванди кишти баҳорӣ, ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, таъмири роҳҳо, бартараф намудани мушкилиҳои симчӯб дар ҷамоатҳо, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, сохтмону бунёди иншоотҳо ва назоратии қатъии он аз ҷониби сармеъмори шаҳр, шинонидани гулҳои мавсимӣ дар хиёбону кӯчаҳои марказии шаҳр, таъмини об ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Баъди баррасии масъалаҳои ҷаласаи мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати дар амал татбиқ кардани нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои супоришҳои қаблии раиси шаҳр, дастурҳои маҷлиси навбатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, вусъати корҳои ободонӣ, ташкили дурусти корҳо дар самти кишту кори баҳорӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, супоришҳои мушаххас доданд.

 

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP