Санаи 6 –уми марти соли равон дар миёни 26 давлати ҷаҳон тариқи фосилавӣ аз фанҳои забони англисӣ, математика, табиатшиносӣ ва санъати тасвирӣ Олимпиадаи байналмилалии Future Intelligance Students Olympiyad (ФИСО),ки шомили давлати ИМА мебошад баргузор гардид.
Дар радифи хонандагони литсеву гимназияҳои шаҳру навоҳии мамлакат дар ин олимпиадаи сатҳи баланд хонандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти “Литсей барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Кӯлоб иштироки фаъолона намуда ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд.
Зимни суҳбат Дилафрӯз Раҷабзода, директори муассисаи мазкур ба мо иттилоъ дод, ки дар олимпиадаи байналмиллалӣ беш аз 4 ҳазор нафар хонандагон аз мамлакатҳои гуногун иштирок доштанд.
Бо ифтихор ва сарфарозӣ метавон гуфт, ки дар қатори дигар давлатҳо Тоҷикистони мо низ шомил буда, аз ҷумла, 136 нафар таълимгирандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти “Литсей барои хонагдагони болаёқат”-и шаҳри Кӯлоб фаъолона иштирок намуданд. Тибқи натиҷагирӣ дар олимпиада 2 нафари онҳо соҳиби медали тилло, 8 нафар медали нуқра, 9 нафар медали биринҷӣ гашта, 53 нафар ҷойи ифтихорӣ ва 64 нафар иштирокчии фаъоли олимпиада гардиданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб