Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад ва хизмати ҳарбӣ тимсоли равшани ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

gusel1Бо ин мақсад санаи 1 апрели соли равон дар майдони 2700 солагии шаҳри Кӯлоб маросими ботантани гусели баҳории ҷавонони даъватшаванда ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, кормандони комиссарияти ҳарбӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, волидайн ва ашхоси касбу кори гуногун иштирок карда, наваскаронро ба хизмати содиқона баҳри ҳифзу марзу буми кишвар гусел намуданд.
Нахуст, Раиси шаҳри Кӯлоб дар чорабинӣ суханронӣ намуда, изҳор намуд, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум аз ҳар яки мо сокинони кишвар, новобаста аз миллат, нажод ва эътиқоди динӣ вобастагии калон дошта, водорамон месозад то дар роҳи таъмини суботу амнияти он доимо талош варзем. Зеро ҳастии мо бо ҳастии Ватани маҳбубамон пайваст буда, нишоти рӯзгору зиндагии мо аз оромии кишвар маншаъ мегирад.
Ҳар як тадбир ва корнамоиву қаҳрамониҳои Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар дарси шуҷоату мардонагӣ буда, дарки баланди инсондӯстӣ ва муносибати хуби одамгариро меомӯзонад. Ҳар як ҷавони имрӯза хуб медонад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили аслии сулҳу субот ва амнияту якпорчагии кишвар мебошанд. Пас на танҳо дар забон, балки дар амал тамоми нерӯи худро ба он равона созем, ки дар кору пайкори ҳаррӯзаи худ пайравони воқеии Пешвои миллат бошем.

gusel2
Яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол Қувваҳои мусаллаҳаш мебошад. Артиш василаи бузурги мудофиавӣ буда, ҳеҷ як давлат наметавонад бидуни он истиқлолияти комили худро таъмин намояд ва Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст, изҳор дошт Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр.
Бо изҳори миннатдорӣ ба волидайни ҷавонони даъватшаванда, ки ихтиёран ба сафи артиши миллӣ пайвастаанд, раиси шаҳр ба ҳамаи онҳо ба ин рӯзи пуршараф табрику муборакбод намуда, ба наваскарон саломатӣ, хушбахтӣ ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва дар роҳи хизмати содиқона ба Ватан саодату комёбӣ ва барору музаффарият таманно намуд.
Баъдан маросими мардумии “Нонгазон” аз ҷониби модарони даъватшудагон баргузор гардид.
Дар қисмати охир барномаи ҷолиби консертии фарҳангиёни шаҳри Кӯлоб ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хоса бахшид.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP