Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр канали ҳукумати нав, ки солҳо боз аз кор боз монда буд тоза шуда истодааст.

ff1
Зимни боздид аз канали мазкур Вазири нақлиёти Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Кӯлоб Азим Иброҳим, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон дидан карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки то ба имрӯз наздикии 2 ҳазор метри канали ҳукумати нав тоза карда шуд, ки баъди пурра тоза гардидани канали мазкур обёрии Ҷамоати деҳоти шаҳри Кӯлоб ва Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳия Восеъ, заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ бо оби полезӣ таъмин мешаванд.

ff2
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP