Имрӯз, 31 марти соли равон дар муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим, иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ семинар-машварат доир гардид.

teww

Дар ин тадбири машварати раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, масъулину кормандони соҳаи маориф, директорони муассисаҳои таълимии шаҳр ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.
Нахуст, Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дигар меҳмонон аз намоиши илмӣ ва корҳои эҷодии омӯзгорону хонандагони муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” -и шаҳр, ки бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ба маърази тамошо гузошта шуда буд, боздид ба амал оварданд.
Дар навбати худ раиси шаҳр бо хонандагону навоварони ин муассиса ҷиҳати боз ҳам сайқал додани донишу маҳорат ва истеъдоди муассилин тавсиаҳои судманд дод.
Сипас, Раиси шаҳр бо шароиту имконоти донишомӯзии хонандагон шинос шуда, ҳамчунин аз вазъи хобгоҳи хонандагон дидан намуд.
Гуфта шуд, ки шароити таълиму тарбия дар муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Кӯлоб барои тарбияи дурусти хонандагон аз усулҳои муосиру аёниятҳои замонавӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Аз ҷумла, синфонаи компютерии Литсей ба шароити имрӯза ҷавобгӯ буда, барои сайқал додани донишу малакаи хонандагон нақши муҳим дорад.
Пас аз шиносоӣ аз вазъи ин таълимгоҳ Роҳбарияти шаҳр дар толори муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Кӯлоб дар ҳузури ҳайати омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф, директорони муассисаҳои шаҳр оид ба вазъи соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, сохтмону бунёди муассисаҳои таълимӣ ва омода намудани толибилмон дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ суханронӣ намуданд.
Раиси шаҳри Кӯлоб зимни суханронӣ изҳор доштанд, ки маориф самти афзалиятноки ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб рафта, пайваста таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва имрӯз бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар саросари кишвар, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб сохтмону бунёди муассисаҳои таълимӣ вусъат ёфта, шароити кори омӯзгорон ва таҳсили хонандагон ба маротиб беҳтар гардида истодааст.
Ҳамчунин таъкид намуданд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат роҳбарият ва омӯзгорони бомасъулияту поквиҷдони шаҳри Кӯлобро мебояд дар корҳои созандагиву ободонӣ, ҳифзи моликияти давлативу ҷамъиятӣ ва тарбияи фарзандони халқ дар рӯҳияи ватандӯстӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Инчунин дар идомаи мулоқот муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, Раиси комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб оид ба маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илм, варзиш, сиёсати ҷавонон, зан ва оила Асозода Ҳотам Раҷаб, инчунин дигар кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати паҳлуҳои дигари соҳаи маориф ибрози андеша намуданд.
Сипас, омӯзгорон ва хонандагони муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандаони болаёқат” дар шаҳри Кӯлоб дар назди ҳозирин шукр аз замони соҳибистиқлолии кишвар ва дастгириҳои бевоситаву сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат намуда, изҳори миннатдорӣ баён карданд.
Дар охир Роҳбарияти шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ба як қатор омӯзгорон ва хонандагони фаъоли иштирокчиёни олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас, омода намудани шогирдони лаёқатманд, хониши хубу аъло, завқи баланди илму донишандӯзӣ ва иштироки фаъолона дар озмуну олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмиллалӣ бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP