Имрӯз, 30 марти соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб даъвати шашум баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, мудири шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Зуҳурзода Маҳмадсаид, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, занони собиқадор, намояндагони васоити ахбори омма ва ҳамчунин вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд.
Иҷлосияро муовини якуми раиси шаҳр Ташрифзода Мунаваршо Саттор ифтитоҳ бахшида, рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин шинос намуд.
Аз рӯи масъалаи якум Раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Файзулло Абдуллоев «Оид ба интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб дар ҳавзаи интихоботии №37» баромад намуд.
Ҳамчунин ҳозирин аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2022, №356 “Дар бораи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таъин намудани Назарзода Бахтиёр Худоёр” –ро шуниданд.
Дар идомаи ҷаласа Назарзода Бахтиёр Худоёр раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр интихоб гардида, иҷлосияро роҳбарӣ намуд.
Бо ҳамин тартиб аз рӯи масъалаи сеюм раиси Комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Неъматзода Рустам оид ба масъалаҳои аграрӣ, экология ва шуғли аҳолӣ «Оид ба рафти амалишавии қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 20 феврали соли 2019, №153 доир ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 25 декабри соли 2018, №287 оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018, №520 «Дар бораи Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» дар шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуд.
Баъдан, вакил аз ҳавзаи интихоботии №9 Ташрифзода Мунавваршо Саттор ва Дилшоди Давлаталӣ сардори Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ва Абдуфатоҳ Табаров сардори Маркази бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Кӯлоб, суханрони намуда, оид ба рафти кор дар соҳаи кишоварзӣ ва дигар самтҳои соҳаҳои хоҷагии халқ ҳисобот доданд. Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Зуҳурзода Маҳмадсаид суханронӣ намуд.
Аз рӯи масъалаи чорум Шарофат Худойдодова, вакил аз ҳавзаи интихоботии №7, раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб «Оид ба қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ» суханронӣ намуд.
Ҳамин тавр, аз рӯи масъалаи панҷум ҳисоботи вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз ҳавзаи интихоботии №34 Ҳусниддин Зардиев шунида шуд.
Баъдан, вакилон аз рӯи масъалаи шашуми рӯзнома дар бораи буҷети иловагии шаҳри Кӯлоб барои семоҳаи якуми соли 2022- ро тасдиқ намуданд.
Дар идома иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб даъвати шашум баъди масъалаҳои ҷорӣ ва кадрӣ, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр аз масъулин даъват ба амал овард, ки дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта масъулиятшинос буда, баҳри беҳбудии рӯзгори мардум саъю талоши боштар дошта бошанд.
Дар анҷоми иҷлоссия оид ба масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис нишондодашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Сипас, аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят як қатор фаъолони шаҳр барои саҳм гузоштан дар ташкилу баргузории тӯйи хатнасури кӯдакону ҷашни домодию арӯсии ҷавонони оилаҳои камбизоат ва ҳамчунин дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир намудани ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ қадрдонӣ гардонида шуданд.

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP