Санаи 28  марти соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи  назоратии раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр баргузор гардид.
 Дар ҷаласа  муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо, раисони ҷамоатҳо, масъулини ташкилоту муассисаҳо ва  дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
kambizoat
 
Сараввал, раиси шаҳр ҷаласаро ифтитоҳ намуда, чунин изҳор доштанд: "Баҳри амалӣ гардонидани  дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  корбариро бояд дар ҳамаи ҷамоату деҳоти шаҳр  аз ҷониби масъулини ҳар як соҳа  ва тамоми кормандон боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монда, то ба ҳадафҳои ниҳоӣ ва рушду пешрафти шаҳрамон ноил гардем".
 
 
 Сипас, Дилафрӯз Абдуллоева, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ “Оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъйин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, таъкид дошт, ки ба оилаҳои камбизоат, ки дар асоси методикаи муайян намудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешаванд. Тибқи тартиб шаҳрвандоне, ки дар шароити душвори зиндагӣ қарор дошта, имконияти аз ин ҳолати душворӣ баромаданро надоранд, барои гирифтани кумаки иҷтимоӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, идораи комуналию манзилӣ ё кумитаи маҳалли ҷойи истиқоматашон метавонанд муроҷиат намоянд.
 
 
Ҳамзамон, роҳбарияти шаҳр ба масъулони бахши меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати таъсис додани комиссия супоришҳои мушаххас дод, то дар наздиктарин фурсат мушкилиҳои дар ин самт ҷойдошта бартараф карда шавад.
 
  Дар  идомаи ҷаласаи мазкур муовини раиси шаҳр, (ҳамзамон раиси комиссияи даъватӣ) Ҳамидиён Орзу оид ба рафти омодагиҳои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуда, қайд кард, ки дар доираи омодагиҳо баҳри таъмини нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси шаҳри Кӯлоб омода гардида, комиссияи даъватӣ ва комиссияи тиббӣ таъсис дода шудааст.
7
 
Дар кори маҷлис ҳамчунин масъалаҳои дигар, оид ба иҷроиши андозҳои маҳаллӣ, сари вақт пардохт намудани музди меҳнати кормандон, рафти кишти баҳорӣ ва  бартараф намудани савдои сарироҳӣ  дар назди бозорҳо ва дигар нуқтаҳои фурӯши маҳсулотҳо, тоза намудани ҳар як гӯшаву канори шаҳр, рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, фаъол намудани радиоузелҳо ва рафти омодагиҳо ба озмуни  шаҳрию вилоятии  “Сайри гули лола” мавриди баррасӣ қарор дода шуда ва ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.
 6
  Баъди баррасии масъалаҳои ҷаласаи мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба  ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати дар амал татбиқ кардани нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои супоришҳои қаблии раиси шаҳр, дастурҳои маҷлиси навбатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, вусъати корҳои ободонӣ, ташкили дурусти корҳо оид ба кишту кори баҳорӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, супоришҳои мушаххас доданд.
 
    Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP